Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу гетиро ба осонӣ тавон хўрд,
Чӣ бояд бар ҳама кас душманӣ кард?
Фахриддини Гургонӣ

Зи душман кай ҳазар ҷўяд ҳунарҷуй,
Зи дарё кай бипарҳезад гуҳарҷўй?!
Фахриддини Гургонӣ

Куҷо душмансириште дўст бошад,
Ки мағзи дўстӣ бепўст бошад.
Носири Хусрав

Наёяд душманӣ аз марди оқил,
Нашояд дўстӣ бо марди ғофил.
Носири Хусрав

Мадон мар хасмро хурд, эй бародар,
Ки сўзад оламе як зарра озар.
Носири Хусрав

Мабош эмин зи ҳар роҳе ту гоҳе,
Ки душман барканад кўҳе ба коҳе.
Носири Хусрав
Хуш ояд табъ мар ошўфтанро,
Нашояд мор ҷуз сар кўфтанро.
Носири Хусрав

Зарарҳои душманӣ бисёр ва адоват мутлақо аз ҳама кас бо ҳама кас номуборак аст.
Низомулмулк

Дар ҷавори худ адўро раҳ мадеҳ,
Аз барои он, ки душман дур беҳ.
Фаридуддини Аттор

Ҳар ки аз душман набошад барҳазар,
Оқибат бинад аз ў ранҷу зарар.
Фаридуддини Аттор

пешина
аз 331
навбатӣ