Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
буданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Яроқҳо дар ҷояшон, дар гӯшаи хона истода буданд (Ҳ. Қарим, Ҳикояҳо). Сахтиҳои рӯзгор Одинаи хурдсолро хеле соҳибтадбир ва таҷрибакор карда буд (С. Айнӣ, Одина).
- Дар ҷумла мубтадо ба воситаи номи узвҳои инсон дар шакли ҷамъ ифода шуда бошад, хабари ҷумла бештар ҷамъ ва баъзан танҳо меояд: Чашмони калони вай аз таъсири бехобӣ андаке хурд шуда буданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Мӯйҳои дарози сиёҳи маҳин бофтагии вай дар вақти гуппизанӣ ба пеш меафтоданд (С. Айнӣ, Дохунда). Мӯйҳо, ришҳо ва нохунҳои ин бандиён хеле баланд шуда рафта буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Чашмони аҳли сӯҳбат бо тааҷҷуб ба тарафи Алихон дӯхта шуд (С. Айнӣ, Ғуломон).
МУАЙЯНКУНАНДА
Муайянкунанда яке аз аъзоҳои пайрави ҷумла буда, хосият ва аломати предметро мефаҳмонад. Аз рӯи ин вазифа муайянкунанда ҳамеша вобастаи исм - предмети шарҳёбанда мебошад. Азбаски ифодаи аломат ва хосият махсуси сифат аст, муайянкунанда бештар аз ҳама бо ҳамин ҳиссаи нутқ ифода меёбад: ҳавои соф, хонаи баланд, бачаи зирак. Дар баробари ин муайянкунанда бо исм, ҷонишин, шумора ва сифати феълӣ низ ба тарзи фаровон ифода меёбад: қулфи дар, дарахти себ, ҳавлии мактаб, хонаи мо, он қишлоқ, ду китоб, дарси якум, аспи даванда, чашми гирён, бачаи омадагӣ ва ғайра. Ба вазифаи муайянкунанда масдар низ истифода мешавад: майли рақсидан, орзуи дидан, хоҳиши хондан ва мисли инҳо.
Алоқаи грамматикии муайянкунанда бо муайяншаванда ду хел сурат мегирад: 1) бо роҳи алоқаи вобастагӣ ва 2) бо роҳи алоқаи ҳамроҳӣ. Алоқаи вобастагӣ ба воситаи се навъ воситаи грамматикӣ ба амал меояд: а) бо бандаки изофӣ: гули сурх, хонаи Саид, ашки резон; б) бо воситаи пешоянд: мисли Гулизор духтар, вохӯрӣ дар Элба; тайёрӣ ба сафар; в) бо пасоянд:
Марзия барин зан; г) якҷоя бо ду воситаи грамматикӣ – изофат ва пешоянд: дандони чун садаф, шикори бо шоҳин, сабзаи лаби ҷӯй.
Ҷои муайянкунандаҳо дар забони тоҷикӣ устувор аст: муайянкунандаҳое, ки бо роҳи алоқаи вобастагӣ ташкил меёбанд, баъд аз муайяншаванда воқеъ мешаванд. Фақат баъзе аз ин муайянкунандаҳо, аз ҷумла муайянкунандаҳои қиёсии бо пешоянди монанди ё пасоянди барин ташкилёбанда (монандӣ Арбобкамол боён, Арбобкамол барин боён) аз ин қоида истисноанд, яъне онҳо баръакси муайянкунандаҳои дигари ин гурӯҳ пеш аз муайяншаванда воқеъ мегарданд. Муайянкунандаҳое, ки дар заминаи алоқаи ҳамроҳӣ ба амал меоянд, ҳамеша пеш аз муайяншаванда ҷой мегиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё