Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

буд, расида омаданд (С. Айнӣ, Одина). Халқи қишлоқ ид мекард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
4. Ибораҳо аз исм ва шумораи миқдорӣ ташкил ёфта, дар ҷумла ба вазифаи мубтадо омада бошанд, хабарҳои онҳо дар ду шакл — ҳам ҷамъ ва ҳам танҳо воқеъ мешавад:
Ду бача гапзанон ба сӯи ҳавлии Муқим равон шуданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Шаш бародари падарам аз модари дигар, аз зани якуми бобоям буда, ҳамаашон солхӯрда буданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Се ҳазор аҳолии деҳаи мо оби чашма менӯшанд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дар ду тарафи гурӯҳи мардум ду ҷавони барҷаста қомат буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар назди Иван-амак дирӯз ду нафар зан омада буд (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ).
5. Агар шумораҳои тахминӣ бо исму нумератив ҳамчун ибора ифода ёфта, мубтадо шуда оянд, хабар ҳамеша дар шакли ҷамъ омада, бо мубтадои худ аз рӯи шахс ва шумора мувофиқат мекунад:
Чор-панҷ нафар бачаҳои майда дар атрофи пиразани ҳамидақомат мисли парвона давр мезаданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ду-се нафар моҳигирон ба об тӯр андохта истода буданд (А. Деҳотӣ, Шеър ва ҳикояҳо). 10—12 нафар мардон хобиданд (С. Айнӣ, Ғуломон).
6. Дар ҷумла мубтадоҳои мансуб ба шахс чида шуда бошанд, хабар дар шакли ҷамъ ифода гардида, бо мубтадоҳои чидаи худ аз ҷиҳати шакл ва мазмун мувофиқат мекунад: Падару писар — Шодӣ ва Бобосафар аз аввали рӯз қарор доранд... (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Темур ва Қаробой ба якдигар нигоҳ карданд (С. Улуғзода, Навобод). Ману Азизхон бошем, бисёр шод шудем (С. Улуғзода, Навобод). Азизхон, Зебӣ ва ман бо завқу ҳавас гӯш меандохтем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
7. Исмҳои ҷондори ғайринсон (номҳои ҳайвонот, паррандагон, ҳашаротҳо) дар шакли ҷамъ ва чида мубтадо шуда омада бошанд, хабар дар шакли ҷамъ бо мубтадоҳои чида мувофиқат мекунад: Гусфандон, бузон, баррагон ва бузголагон ба хобгоҳи худ даромада осуда хобида буданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Буз ва гусфандони сершуда ба «кавша» кардан машғул буданд (С. Айнӣ, Одина). Хорпуштҳо, морҳо ва каждумҳо ҷонварҳои аз паи ҳаёт давандаи ин саҳро ҳисоб меёфтанд (С. Айнӣ, Ғуломон). Аспиҳо дам гирифта фарбеҳ шуданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Харҳои ҳезумкашон чунон лоғар ва заиф буданд, ки аз пиёдагон пеш гузашта наметавонистанд (С. Айнӣ, Ғуломон).
8. Агар дар ҷумла мубтадо ба воситаи исмҳои ифодакунандаи предметҳои беҷон дар шакли ҷамъ омада бошад, хабари ҷумла дар бисёр мавридҳо дар шакли ҷамъ ва баъзан дар шакли танҳо меояд: Суханҳои муйсафед хаёлҳои Шодиро зерӯ забар карданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Шабҳо ҳоло хунук шуда

пешина
аз 312
навбатӣ