Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

мешавад, ки дар ин ҳолат хабар низ дар шакли ҷамъ меояд:— Шумо ба киштзорҳо як назар андозед, хеле нағз мешуд, — ба саволи Юнусбой ҷавоб нагардонда суханашро давом дод (С. Улуғзода, Навобод). Шумо ба ин нону об, коғазу қалам оварда диҳед (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).

Агар дар ҷумла ҷонишини ҳама ба вазифаи мубтадо омада бошад, хабар ҳам дар шакли ҷамъ меояд:

Ҳама аз оқиби Пӯлод рафтанд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Ҳама қоҳ-қоҳзанон хандиданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ҳама хомӯш монданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

  1. Дар ҷумла мубтадо шахсро далолат карда, дар шакли ҷамъ омада бошад, хабар ҳам дар шакли ҷамъ омада, ба мубтадо мувофиқат мекунад:

Пахтакорони мутахассис ниҳолҳои навхези пахтаро, ки акнун себарга ва чорбарга шуда буданд, дугона ва ягона мекарданд. Деҳқонон, ки он анбори пурборро диданд, ҳарчанд сухани Сафар Ғуломро бовар накарда буданд ҳам, як дараҷа тасаллӣ ёфта, ғур-ғуркунон баромада рафтанд (С. Айнӣ, Ғуломон). Калонсолон оҳиста-оҳиста, бачаҳо давон ба тарафи ҷӯйбори калон рафтанд (С. Улуғзода, Навобод). Сиёсатдонҳои Бухоро ҳам ҳамин фикри охиринро қувват медоданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

  1. Дар ҷумла исми ҷомеи мардум мубтадоро ифода намояд, хабар ҳам дар шакли ҷамъ ва ҳам дар шакли танҳо меояд:

Мардум ба пахтакорӣ одат карда, роҳҳои ҳосилзёбиро нағз омӯхта буданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Мардум, ки аз оҳу вои Эргаш ба раҳм омаданд, давида рафта, аз ҷилави аспи Урмон- Полвон гирифта хостанд, ки аз сари Эргаш ӯро дуртар кашанд (С. Айнӣ, Ғуломон).

Мардуми водии Ҳисор онро
Ҳасани аспбоз мегуфтанд.

(М. Турсунзода, Ҳасани аробакаш)

Мардум мегурехт ва фарёд мекашид (С. Айнӣ, Ғуломон).

Калимаҳои халқ, отряд, гурӯҳ, даста, тӯда, бригада ва ғайра низ ба гурӯҳи исмҳои ҷомеъ дохил мешаванд ва дар сурати мубтадо шуда омадани онҳо хабарҳо баъзан дар шакли ҷамъ ва баъзан дар шакли танҳо ифода меёбанд:

Тӯдаи коргарон ҳанӯз ба дари идора нарасида буд (С. Айнӣ, Одина). Қисса кӯтоҳ, гурӯҳе ба хоки Фарғона расид (С. Айнӣ, Одина). Даста ба ҳаракат даромад (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Даста ба тартибе, ки мардуми мо домодеро ба хонаи арус
ё арӯсеро ба хонаи домод мебурданд, аз сарой баромада рафтанд (С. Айнӣ, Ғуломон). Гурӯҳе дар ҷое ки Азимшоҳ истода

пешина
аз 312
навбатӣ