Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ҶОИ ХАБАР ДАР ҶУМЛА
-
Дар забони адабии ҳозираи тоҷик хабар одатан дар охири ҷумла меояд: Падари вай юрист буд (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Собир аспро ба саисхона дароварда баст (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ҳаво боронӣ ва дим буд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
-
Дар аввали ҷумла омадани хабарҳо асосан барои асарҳои манзум характернок мебошад. Баъзан дар нутқи мазмунан нақлшудаю диалогҳо ҳам дар ҷои якум омадани онҳо мушоҳида мешавад:
Шуд баланд оҳанги шӯхи дойра,
Чӯр шуд қарсакзании мо ба он.
(А. Бахорӣ, Шеърҳо)
Омаданд одамон гурӯҳ-гурӯҳ
Чун сипоҳи азими пур зи шукӯҳ.
(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)
- Дар байни ҷумла омадани хабарҳо низ бештар ба асарҳои манзум хос аст:
Аспи оҳантан равон шуд боз дар раҳ барқвор,
Он чу сарбозу қӯшунаш ин вагонҳои қатор.
(А. Деҳотӣ, Шеър ва ҳикояҳо)
Халқи тоҷик, бишнав аз шоир
Қиссаи Тешабои боғайрат.
(М. Миршакар, Шеърҳо ва достонҳо)
МУВОФИҚАТИ ХАБАР БО МУБТАДО
Дар забони адабии ҳозираи тоҷик хабар бо мубтадо, одатан, аз рӯи шахс ва шумора мувофиқат мекунад.
Мувофиқати хабар бо мубтадо ба таври гуногун ифода меёбад.
- Ҷонишинҳои шахси якум, дуюм ва сеюми ҷамъ мубтадо шуда омада бошанд, хабарҳо ба онҳо мувофиқат мекунанд:
Мо бо Ёрматов нигоҳ карда нишастем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Онҳо ба лаби лойдони кӯшишгоҳ расиданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Шимоён ба дӯконатон раветон, ман ҳозир расида меравам (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Баъзан ба ҷои ҷонишини шахси дуюми танҳои ту барои эҳтиром шакли ҷамъи он — шумо ҳамчун мубтадо кор фармуда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё