Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ХАБАРҲОИ ЧИДА

Дар ҷумла ду ва ё зиёда хабарҳо ба мубтадо тобеъ шуда бошанд, хабарҳои чида номида мешаванд. Хабарҳои чида аз рӯи тарзи ифода ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: хабарҳои чидаи феълӣ ва хабарҳои чидаи номӣ.

  1. Хабарҳои чидаи феълӣ. Агар дар ҷумла хабарҳо ба воситаи шаклҳои гуногуни феъл чида шуда бошанд, хабарҳои чидаи феълӣ номида мешаванд:

Аз ду сӯ абрҳои пурдаҳшат
Омаданду заданд сахт ба ҳам.

(А. Қаҳҳорӣ, Шеърҳо)

Дар ин ҷо одам чизи надидагиашро дид ва омӯхт (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Мавлон аз ҷояш давида хест ва ба пойгаҳ фаромад (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Дар теппаҳои бекас танҳо мерафт ва менолид (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Баъзан хабарҳои чида ба воситаи феъли ҳол ифода меёбанд: Ҳалим аз хоб бедор шуда, ба берун баромада ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шуд.

  1. Хабарҳои чидаи номӣ: Мусобиқа васеъ, оммавӣ (С. Улуғзода, Навобод). Мунира ҳайрон, оҷиз ва парешонҳол (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҳаво тару тоза ва бисёр форам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ба ҷунбиш мавҷи дарёӣ, ба лағжиш реги саҳрой,
Ҳунарманду ҳунарпеша зи сар то нохуни пой.

(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Хабарҳои номии чида бо ёридиҳандаҳои будан (буд), шудан (шуд) ва ғайра низ меоянд. Ёридиҳандаи феълии «будан» баъзан бо хабарҳои номии чида такроран зикр меёбад ва баъзан такрор наёфта, бо хабари чидаи охирин якҷоя меояд, ки дар чунин маврид вай ба ҳамаи хабарҳои номии чида мансуб мебошад:

Осмон кабуд ва соф буд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ин ҳам талх ва ҳам бадмазга буд (С. Айний, Одина). Ӯ сурхчарӯй, мешчашм, хурмоириш, бадабрӯй ва дарозмижгон буд (С. Айний, Ғуломон). Об хунук ва соф буд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Баъзан ҳам мубтадо ва ҳам хабар баробар чида шуда меоянд:

Занон, духтарон, канизон, ғуломон гӯсфанд медӯшиданд, гуппӣ мезаданд, маска ҷудо мекарданд ва равған мегудохтанд (С. Айний, Ғуломон).

пешина
аз 312
навбатӣ