Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
туркман тахминан даҳ-дувоздаҳ нафар буданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Ду понздаҳ — як сӣ (Зарбулмасал). Соат ёздаҳ шуд... (С. Айнӣ, Ятим).
IV. Хабар шуда омадани ҷонишин. Ҷонишинҳои шахсӣ дар ҷумла гоҳо бе бандак ва гоҳо бо бандак хабар шуда меоянд:
Сардори бригадаи чорум — ман («Газераи муаллимон»).
Эй лолаи боғу сарви озоди чаман,
Ширини ҳунар тую Фарҳоди ту — ман.
Маҳбубаи шӯхи ман, Ҳабиби ту манам,
Дилдодаи чеҳраи базеби ту манам!
(Ҳ. Юсуфӣ, Маҷмӯаи шеърҳо)
Он гунаҳкоре, ки ман ба талаби вай омадам, туӣ (С. Айнӣ, Дохунда).
Дар ҷумла ҷонишинҳои саволии кӣ ва чӣ низ ба вазифаи хабар меоянд: Ин қиёфаи табассумомези Латифро дида, аспашро андак суст кард ва бо чӣ гуна хаёле наздик шуд.
— Ту кистӣ?
— Одам (Ҳ. Қарим, Ҳикояҳо).
— Маълум мешавад, ки шумо ҳам монандӣ мо канизаки бекас шудаед? — гуфт соҳиби хона ва боз пурсид:
— Номатон чист, холаҷон? (С. Айнӣ, Ғуломон).
ТАРКИБИ ХАБАРҲОИ НОМӢ
Хабарҳои номӣ аз бобати таркиб ба ду гурӯҳ — содда ва таркибӣ ҷудо мешаванд.
-
Хабарҳои номии содда. Хабарҳои содда бо як калима, ки дорои бандаки хабарист, ифода меёбанд. Дар ин қабил хабарҳо маънои асосӣ бо асоси калима, маъноҳои модалӣ ва замон бо бандак ифода мешавад: Ризо, ин туӣ. Ёбой ӯст (С. Улуғзода, Восеъ). Онҳо студентанд («Тоҷикистони советӣ»). Мо аз қадим ошноем («Газераи муаллимон»).
-
Хабарҳои номии таркибӣ. Хабарҳои таркибӣ бо феълҳои ёридиҳанда, ки маънои луғавии худро ё қисман ва ё тамоман гум карда, ба вазифаи бандакҳои хабарӣ меоянд, ташкил меё-банд. Фарқи бандаки ин хели хабарҳои номӣ аз бандаки ха-барҳои содда ин аст, ки онҳо ҷудо талаффуз шуда, алоҳида навишта мешаванд. Феълҳои ёридиҳанда баробари ифодаи маъноҳои модалию замонӣ дар шарҳи гуногуни муносибати аломат ва соҳиби он — мубтадо низ хизмат мекунанд: Вай юрист буд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Чӯбдорҳо ба ӯ наздик мешаванд (С. Улуғзода, Қалтакдорони сурх). Салим аъзои комсо-мол мебошад (С. Улуғзода, Навобод).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё