Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Исмҳо ба вазифаи хабар дар шакли ибораҳои номӣ низ воқеъ мешаванд. Чунин хабарҳоро ба ду гурӯҳи калон тақсим кардан мумкин аст.

  1. Хабарҳое, ки ҷузъи таркиби онҳо ҷудоинопазиранд. Дар ин гуна хабарҳо исми ибора бо вуҷуди сустии маънои луғавӣ бо роҳи ифодаи мафҳуми кулл нисбат ба мубтадо бо муайянкунандаи худ ягонагии синтаксисӣ ташкил намуда, дар шакли яклухт бо мубтадо алоқа мебандад. Исми ин гуна хабарҳоро калимаҳои одам, шахс, ҷавон, мард, зан, ҳайвон ва мисли инҳо ташкил менамоянд: Шарифҷон-махдум одами баландқомат, сафедрӯй, мешчашм, хурмоириш буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Шокирҷон ҷавони хушрӯй ва хушқаду баст буд (Х. Карим, Ҳикояҳо). Ӯ ҷавони кӯтоҳқади ғалча буд (С. Айнӣ, Куллиёт).

  2. Хабарҳое, ки ҷузъи тобеи исмашон имконияти ҷудошавӣ дошта, тарки он асоси хабарии ҷумларо халалдор намекунад: Вазифаи ӯ нигоҳубини аспон буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Муҳаммадмурод... ба ҳар сӯ нигоҳҳои довталабона мекард (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб).

II. Хабар шуда омадани сифат. Сифатҳо ба вазифаи хабар ҳам ба сурати холис ва ҳам бо бандак ё феълҳои ёридиҳанда меоянд.

Шакли бе бандак ҳодиса ё аломатеро мефаҳмонад, ки ба замони ҳозира тааллуқ дорад: Ҳаво соф (С. Айнӣ, Дохунда). Ҳавлӣ калон ва иморатҳояш зебо (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Қишлоқ хурдакак (С. Улуғзода, Навобод).

Ин хели хабарҳои номӣ дар услуби бадеӣ бештар истифода мешаванд. Баъзан чанд ҷумла пай дар пай дар ҳамин шакл воқеъ мегардад, ки дар натиҷа тарзи баён як навъ хусусияти муассир касб менамояд: Ҳаво тару тоза ва бисёр форам, садаҳо, бедҳои қади ҷӯйбор сабз, дарахтони бодому зардолу сап-сафед гулпӯш (С. Улуғзода, Навобод). Офтоб ба қиём, ҳаво гарм, хоку реги роҳ ва санге тафсон (С. Улуғзода, Восеъ).

Шакли бандакдор ба се замон: ҳозира, гузашта ва оянда далолат мекунад: Ҳаво гарм буд; Ҳаво гарм аст; Ҳаво гарм мешавад. Чашмонаш калони гӯсфандӣ, пешонааш кушоди беосинг буд (С. Улуғзода, Навобод).

III. Хабар шуда омадани шумора. Шумораҳои миқдорӣ ва таҳминӣ дар якҷоягӣ бо нумеративҳо, ёридиҳандаҳои феълӣ ва бандакҳо хабар шуда меоянд. Аммо доираи ва вазифаи хабар омадани шумора нисбат ба дигар ҳиссаҳои нутқ тангтар аст: Ҳозир онҳо шаш нафаранд (С. Айнӣ, Ғуломон). Аспақиҳои

пешина
аз 312
навбатӣ