Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Пеш аз муайяншаванда омадани муайянкунандаҳо, ки қолиби асосиашон алоқаи вобастагист, ҳамчун ҳодисаи услубин инверсия — ҷойивазкунии аъзоҳои ҷумла ба ҳисоб гирифта мешавад: Гапҳои соддаи меҳрангези Аноргул барои Восеъ ҳамеша хуш асаре доштанд (С. Улуғзода, Восеъ). Бечора Одина бо ин ҳама сахтиҳо аз хӯҷаин ягон бор забони хуше ва рӯи кушодеро надод (С. Айнӣ, Куллиёт).

Мебарад шири модарони туро,
Ризқи бечора кӯдакони туро.

(М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб)

Ҳам муайянкунандаҳои алоқаи вобастагӣ ва ҳам ҳамроҳӣ бо як калима (суруди форам, ин китоб), ҳам бо таркиб ва ибораҳои тақсимнопазир (туркмани риш мошубиринҷ, бачаи чашмаш сиёҳ) ифода мешаванд.

Муайянкунандаҳо паи ҳам низ воқеъ мешаванд. Вобаста ба ин хусусият ин гуна муайянкунандаҳо муайянкунандаҳои пай дар пай ном гирифтаанд: Биёбони васеи бедолу дарахтро теппачаҳои реги сурх фаро гирифта буданд. Дар майдони бозори гӯсфанди Ғиждувон қасри бисёр ҷамъ шуда буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Сардори дастаи мусаллаҳ даридаҷомагонро амр фармуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Муайянкунанда, чунон ки гуфта шуд, аломати предметро мефаҳмонад. Аз рӯи ин хусусият вай одатан ба исм ва калимаҳои дигар, ки ба вазифаи исм меоянд, вобаста мешавад. Азбаски исм дар ҷумла ба вазифаи мубтадо, пуркунанда, ҳол ва ҳиссаи номии хабар воқеъ мегардад, муайянкунанда низ тобеи онҳо шуда меояд: Зани Ҳасан дар рӯи моли худ як нон печонда... ба пеши ӯ ниҳод (С. Айнӣ, Куллиёт). Муҳаммадмурод паҳлавон аст, паҳлавони хуб аст (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). Мададгори оҳангарони мо ба ман як кордчаи қаламтарош бахшид (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Муайянкунанда вобаста ба воситаҳои грамматикӣ ва маънои калимаҳое, ки дар ифодаи он меоянд, ғайр аз муносибати соф муайянкунандагӣ ҷилоҳои дигари маъноӣ, аз ҷумла замон, макон, таъймот ва амсоли инҳоро низ ифода менамояд. Аз ин ҷиҳат, хелҳои асосӣ ва серистеъмоли муайянкунандаҳо ба тарзи зер тасвир ва баён кардан мумкин аст.

  1. Муайянкунандаҳо, ки хосияти соф тавсифӣ дошта, предметро аз бобати ранг (гули сурх, чашми сиёҳ), таъм (нони ширин, оби шӯр), ҳаҷм (хонаи баланд, саҳрои васеъ), бӯй (себи хушбӯ, чойи бадбӯ), қувва (ҷавони бақувват, марди беқувват), синну сол (зани ҷавон, шавҳари пир), хӯю табиат (одами ҳирадманд, марди ҷоҳил) ва амсоли инҳо эзоҳ медиҳанд. Дар ифодаи ин маъниҳо дар қатори сифатҳои содда, сифатҳои мураккаб низ фаровон истифода мешаванд: Дар таҳти чойҷӯши хасу хошоки тарру нам бо дуди ғафсу тунд месӯхтанд (Р. Чалил,
пешина
аз 312
навбатӣ