Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Одамони ҷовид). Дар қишлоқ ҳеҷ кас вай барин арӯси зебо, ҳалиму доно надорад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дар наздикии ин оташдонҳо якчанд тағораҳоро гузошта рангҳои зард, сурх, гулобӣ, бунафш, ниложӣ, кабуд, сабз ва сиёҳро тайёр карда буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Виркан араби миёнсоли зеботалъат ва хушсавлатеро дар баробари худ дид (С. Улуғзода, Ривояти суғдӣ).

  1. Муайянкунандае, ки соҳибият ва мансубиятро ифода менамояд. Ин муайянкунанда бо исм ва ҷонишинҳои шахсӣ ифода ёфта, алоқамандона бо маънои луғавии калимаҳои муайяншаванда ва муайянкунанда маъноҳои гуногунро фаро мегирад:

а) шахс, муассиса, ҷамоат ва ҳайвонотеро мефаҳмонад, ки
исми муайяншаванда ба он тааллуқ дорад: Бачагон дар майдони мактаб бозӣ мекарданд («Газетаи муаллимон»). Мактаби
тоторҳо ҳам баста шуд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Яке аз онҳо бархоста хари Рустамро гирифта ва худи вайро ба сари дастурхон таклиф кард (С. Айнӣ, Куллиёт);

б) предметеро мефаҳмонад, ки муайяншаванда узв, ё қисми таркибии он ба шумори меравад: Дар тарафи рости дарвозаи работ, дар девори он қатормеҳҳо кӯфта шуда буданд
(С. Айнӣ, Куллиёт). Китфи курта андак ҷокаш кандагӣ буд
(С. Улуғзода, Восеъ). Писарак дар бағали модар фақат як-ду
дақиқа ором хоҳад нишаст (Ф. Муҳаммадиев, Шоҳии япон);

в) маҳал, ташкилот, муассисаеро далолат мекунад, ки предмети муайяншаванда ба он мансуб аст: Баъзан аз аввалин дақиқаи омаданаш дар қӯруқҳои Ромит ғоиб шуда мерафт
(Ф. Муҳаммадиев, Шоҳии япон). Чанд нафар аз кормандони
институти мо барои лексияҳои ба деҳот сафар карданд («Газетаи муаллимон»);

г) агар муайянкунанда бо исмҳои маънии аз сифат сохташуда ояд, предмет ва ҳодисаҳоеро мефаҳмонад, ки аломат ва сифати исми муайяншаванда ба он тааллуқ дорад: Зебоии олам дар дасти одам аст. Меҳнат асоси рӯсурхии инсон мебошад. Нозукии дил ба назди шиша гарон аст (П. Сулаймонӣ, Маҷ. осор).

  1. Муайянкунанда хел, навъу ҷузъи предметро ва муайяншаванда кулли онро мефаҳмонад: Нахустин касе, ки дар заводи цемент ба ӯ меҳрубонӣ кард,... ҳамин Пэт буд (Ф. Муҳаммадиев, Шоҳии япон). Пеш аз шеърхонӣ гуфт, ки ҳафтае дар шаҳрҳои Франция саёҳат кардааст (Ф. Муҳаммадиев, Шоҳии япон).

  2. Муайянкунанда аз кадом чиз сохта шудани муайяншавандаро нишон медиҳад: дандони тилло, хонаи хиштин, бели оҳанин, ҷомаи банорас, куртаи атлас: Он одами ношинос... аз кисаи сарисинагии либоси зеринаш папиросдони нуқрагинро бо қуттии гӯгирд баровард (С. Айнӣ, Куллиёт).

  3. Муайянкунандае, ки муайяншавандаро аз ҷиҳати муносибати ҷудой эзоҳ медиҳад. Исми муайяншавандаи ин қабил муайянкунандаҳо

пешина
аз 312
навбатӣ