Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
аксаран дар шакли ҷамъ омада, муайянкунанда бо сифати дараҷаи олӣ ифода меёбад. Ду ҳолати алоқамандшавии чунин муайянкунандаҳо бо муайяншаванда мушоҳида мешавад: а) беизофат. Дар ин школ муайянкунанда пеш аз муайяншаванда омада, бо роҳи алоқаи ҳамроҳӣ ба он тобеъ мегардад: Аммо аз чобуктарин ҷонварони олам чобек бошеду аз зӯри миёну бозу... истифода бурда натавонед, боз ҳам ғалаба аз шумо гурезон аст (Ф. Муҳаммадиев, Асарҳои мунтахаб). б) боизофат. Бандаки изофӣ дар ин ҳол ё ба муайяншаванда (агар муайянкунанда баъд аз он ояд) ва ё ба муайянкунанда (агар он пеш аз муайяншаванда воқеъ шавад) илова мегардад. Ман мехостам, ки ҷаҳида аз пешаш бароям, бо ҳар ду дастам дасташро фишорам ва суханони беҳтаринамро барои ӯ гӯям (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Мовароуннаҳр, Хуросон ва Хоразм ободтарини мамлакатҳои Шарқи исломӣ буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Доруға ва амлокдор дар назари мардум ситамгортарин ва ғаддортарини навкарони амиру бекҳо буданд (С. Улуғзода, Восеъ).
Дар ин мисолҳо муайянкунандаҳои пешмавқеъ аз муайянкунандаҳои пасмавқеъ фарқи услубӣ доранд: онҳо соҳиби тобиши таъкидӣ буда, аромати предметро барҷаста ифода мекунанд. Ин маънӣ дар шакли изофӣ боз ҳам хубтар ба зуҳур меояд.
-
Муайянкунанда иҷрокунандаи амал ё соҳиби ароматро мефаҳмонад. Дар ин ҳол вай бо исми конкрет ифода шуда, исми амал ё масдарро эзоҳ медиҳад. Ин фармоиши бой даррав иҷро шуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Чапакзании колхозчиён ба ҳавои мусиқӣ ҳамроҳ шуд (С. Айнӣ, Куллиёт).
-
Муайянкунанда муайяншавандаро аз бобати нисбати макон эзоҳ медиҳад. Ин навъи муайянкунандаҳо тобиши ҳоли дошта, бо ду роҳ ифода мешавад:
а) бо роҳи алоқаи изофӣ ба воситаи исмҳои макон, қисман исмҳои конкрет ва сифатҳои нисбӣ: Моҳиро аз ҳавзи анбори дарун ба ҳавзаи магозин кашонда бурданд (Ф. Муҳаммадиев, Шоҳини япон). Саидбек кулӯхро ба мурдори найзор ғурронид (Ф. Муҳаммадиев, Варта). Дар ҳар сафари Самарқанд ин луғатчаро васеъ кардан гирифтам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Вале андозчии қаротегинӣ доди онҳоро намешунид (С. Улуғзода, Восеъ). Тарафи шарқии рӯи ҳавлии берун пушти ҳавлии дарун буд (С. Айнӣ, Куллиёт);
б) ба воситаи пешоянди аслии дар ва пешояндҳои номӣ, ки ҳам дар шакли содда (бештар) ва ҳам таркибӣ (камтар) воқеъ мешаванд: гуфтугӯ дар бозор, мулоқот дар киштӣ, мерганҳои сари дӯнгӣ, сабзаи лаби ҷӯй, девори даруни хона, сиёҳии болои дар, ниҳоли канори кӯча, болини рӯи кат, суфаи таги чинор, бошандагони қади роҳ, чанги таги ҷарӣ, тавораи пеши дар, шармандагӣ дар назди халқ ва ғ. Пешояндҳои номӣ дар ин маврид ҳам, чунон ки дар таркибҳои ҳолӣ ва пуркунандагӣ мебинем, бо як дараҷа махфуз доштани маънои аслӣ барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё