Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
аёнтар ифода ёфтани муносибати синтаксисии ду исм — исми тобеъкунанда ва тобеъшаванда кӯмак мерасонанд. Аз ин са-баб ибораҳои лаби ҷӯй, болои дар дар алоҳидагӣ мустақилӣ зоҳир намоянд ҳам, дар таркибҳои амсоли сабзаи лаби ҷӯй, сиёҳии болои дар якҷоя ба калимаи сабза ва сиёҳӣ тобеъ шу-да, онро аз ҷиҳати макон эзоҳ медиҳанд: Даст боло карда бе-донаи даруни остинашро нишон дод (С. Улуғзода, Восеъ). Ӯ ҳатто чорьяк ман ҷавро дар кадом як осиёи сари роҳ орд кар-да овард (С. Улуғзода, Восеъ). Акаи Барака... ба як тӯдаи ба-ланди болинҳои нарми рӯи кат такя кард (Ф. Муҳаммадиев, Шоҳии япон).
- Муайянкунанда дорои тобиши замон буда, исмро аз бо-бати алоқамандии он ба замон эзоҳ медиҳад. Дар ифодаи ин маъно низ дар ду ҳолат воқеъ гаштани ин хели муайянкунан-да мушоҳида мешавад:
а) дар алоқаи изофӣ бо исмҳои замон: Зилзилаи аёну но-аёни қариб ҳафтаиаи замин дар ҳамин ҷо ҳам ҳаст (Ф. Муҳам-мадиев, Варта). Фақат корҳои имрӯзу дирӯзро дар ёд дораму ха-лос (Ф. Муҳаммадиев, Шоҳии япон). Дар ҳавои нимторики шом-гоҳон мурғи посӯхта барин медавӣ (Ф. Муҳаммадиев, Шоҳии япон). Ду-се сол инҷониб андешаи рӯзу шаби Мирзокаримбой ин буд, ки... (С. Улуғзода, Восеъ);
б) дар алоқаи изофию пешояндӣ. Аз пешояндҳо дар ин вазифа пешоянди соддаи то ва пешоянди таркибии баъд аз ва пеш аз нисбатан серистеъмоланд: Як қатор шоирони олим ва адибони ҳакиму файласуф... дар ҳамин сад соли охири то ҳуҷуми Чингиз ба ҳамин сарзаминҳо расида, дар ҳамин ҷоҳо тарбия ва нашъунамо ёфтаанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар ториқии баъд аз хуфтан саворонаҳро дар камингоҳҳо нишонд (С. Улуғзода, Восеъ). Ба нархи пеш аз хушксолӣ пули бисту панҷсӣ ман гандум... (С. Улуғзода, Восеъ). Забони адабии пас аз исломияти халқи тоҷику форс... дар Мовароуннаҳр ташкил ёфта ва ба воя расида, барои ҳамаи халқҳои форсизабон забони адабии умумӣ гардидааст (С. Айнӣ, Куллиёт).
-
Муайянкунанда предметро аз рӯи доро будан ё набудани он ба аломате ё чизе шарҳ медиҳад. Масалан, Назар ба нақли падарам Саидмуродхӯҷа, падари ӯ одами хату саводнок буда, аз ҳунарҳои дастӣ ...дуредгариро хуб медонистааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар уфуқи биёбон, ки бо нури барф чун шаби маҳтобдор рӯшноӣ пайдо карда буд, сиёҳуҳои хонаҳои сиёҳ равшан намоён гардид (С. Айнӣ, Куллиёт). Шумо оқсақоли адолатманд бошед, арзи фуқароро шунида ба ҳоким расонед (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ин гуна як каси баакҷу баномус бо яке аз одамони беномуси амир ҳамном шавад... (С. Айнӣ, Куллиёт).
-
Муайянкунанда предметеро мефаҳмонад, ки барои муайяншаванда таъин шудааст. Чунончи: Аз тарафи рости раста пас аз ду-се дӯкони читфурӯшӣ ду дӯкончаи чойфурӯшӣ, баъд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё