Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
дар миёна як дӯкони сартарошӣ... воқеъ шуда буд (Р. Ҳодизода, Ситора дар тирашаб). Бар рӯи ду даста сабадчӯби пахтасозӣ мехобид (С. Айнӣ, Куллиёт). Аз паси тиреза... аппаратҳои алоқаи махсуси милисия... намоён буд (Ф. Муҳаммадиев, Шоҳин япон).
- Муайянкунанда муайяншавандаро бо тобишҳои гуногуни пуркунандагӣ (бо ҷилоҳои маъноии сарчашма, таъинот, иловаву замшавӣ, ҳамроҳӣ, соҳа ва ғ.) шарҳу тавзеҳ менамояд. Ин хели муайянкунанда бо се роҳ ифода мешавад:
а) бо роҳи алоқаи изофӣ: Мирзои қорӣ... аз аспдорони мӯҳтоҷи пул понздаҳ сар аспи лақаиро ба нархи арзон харида буд (С. Улуғзода, Восеъ). Бигузор Қосим бо ёрии Ризо дарави гандуми баҳории дар адир шарикона кошташударо сар кардан гирад (С. Улуғзода, Восеъ). Мусофирони мо ҳам ёди ватан карданд (С. Улуғзода, Восеъ). Амон дар таҳрир ва чопи варақаҳо ёрии калон дод (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ);
б) бо роҳи алоқаи пешояндӣ: Ӯ ба умеди халосӣ аз марг.... ҳамаи қувваи охиринро ба як ҷо ғун карда... (С. Айнӣ, Куллиёт). Хандаю шӯхии одатӣ набуд, ташвишу тайёрӣ ба сафари дараи хушманзар набуд (Ф. Муҳаммадиев, Шоҳин япон). Амири Сомонӣ уламои Мовароуннаҳрро ҷамъ карда, супориш дод, ки асаре роҷеъ ба оину русумот иншо кунанд (Б. Ғафуров, Тоҷикон). Дуоҳои ӯ дар ҳаққи «императори муаззам» беасар рафтаанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Аммо аз ҷанҷоли муллоён бо аробакаш дар болои пули киро лаб накушод (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Зиндон ва ҷоҳи торики бадбӯй, бандиҳои ниммурдаи кунда ба по ва занҷиру завлона ба гардан... ба Мирзокарамбой он қадар таъсире набахшиданд (С. Улуғзода, Восеъ). Аслан дар боргоҳ... ғайр аз ду намади калони нимдошт... ва як мизи паст бо давоту қалам чизи дигаре дида намешуд (С. Улуғзода, Восеъ). Бародарам бо пули кор ва даромади аз имоматӣ гириф.-таи худаш биринҷ, мош ва равған барои озуқа, шамғи равғанини ҷойдорӣ... ангишти қазоқӣ ва ҳезум барои сӯхтан харида тайёр кард (С. Айнӣ, Куллиёт);
в) бо изофат ва пешоянд. Ин ҳодиса хеле камистеъмол буда, бо баъзе пешояндҳои содда ба амал меояд: Оббозии бо собун дар ҳузури худи тӯта Люба ба амал омад (С. Улуғзода, Восеъ). Тазкиранависон мегӯянд, ки Фирдавсӣ барои додхоҳии аз золимон... аз Тӯс ба Ғазнин рафт (С. Айнӣ, Куллиёт). Тӯраи валиаҳд ғайр аз кӯпкоритозӣ ва шикори бо шоҳин бедонабозиро ҳам медонист (С. Улуғзода, Восеъ). Мадади Тӯгай ба Восеъ дар ҳуҷуми ба Балҷувон даркор буд (С. Улуғзода, Восеъ).
Алоқа бастани муайянкунанда бо муайяншаванда ба воситаи пешоянд ва изофату пешоянд, яқин, натиҷа ва маҳсули майли забон ба кӯтоҳӣ буда, бештар аз ихтисори таркиботи сифати феълӣ ба амал омадааст. Шаклҳои мувозӣ доштани ҳамаи қолибҳои мазкур бо ин конструкцияҳои синтаксисӣ гувоҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё