Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ин ақида шуда метавонад. Ҳодисаи мазкур ҳоло беш аз пеш зиёд шуда истодааст.

  1. Дар силсилаи хелҳои муайянкунанда гурӯҳи махсусеро муайянкунандаҳои қиёсӣ ташкил менамоянд. Ин муайянкунандаҳо хислат ва аломати предметро дар заминаи қиёс ва муқобила таъин месозанд. Онҳо ҳам бо алоқаи изофӣ ва ҳам пешояндию пасояндӣ сурат мегиранд.

а) бо роҳи алоқаи изофӣ. Дар ин ҳол исм ва сифат (як қисми ин қабил сифатҳо ҳангоми тобеъ шудан ба феъл ба вазифаи зарф истифода мешаванд) барои ифодаи муайянкунанда меоянд. Сифатҳо ҳам дар шакли сохта (бо суффиксҳои -й, -она, -сон, -вор, -осо ва ғ.) ва ҳам мураккаб воқеъ мешаванд: Манғити гург ҳамаи моро гӯсфанд кард (С. Улуғзода, Восеъ). Қозикалон дар даруни меҳмонхонаи худ дар пеши дари боло менишаст. Ӯ рӯи борики мурғӣ, риши тунук ва ками бузӣ, чашмони танги бемижгони милксурхи маймунӣ, ...бинии дарози нӯкхами какликӣ дошт (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ин ҳама харобиҳои чингизона дар пеши Саидалии бахтбаргашта ба амал пайваст (С. Улуғзода, Восеъ). Агар ӯ ҳамон бедонаи тезчанги ҳанҷарнӯлро ба даст оварда ба тӯра пешкаш кунад, чӣ мешуда бошад? (С. Улуғзода, Восеъ).

Як қисми ин қабил муайянкунандаҳо ба сурати тафсилӣ меоянд: Чашмони тухми харбузамонандаш аз хуни ғазаб сурх гашта, як қамчини базарбае ба сари Восеъ фуровард (С. Улуғзода, Восеъ).

б) бо роҳи алоқаи пешояндӣ. Дар ин вазифа одатан пешояндҳои монанди, мисли, ба монанди, чун, ҳамчун, ба мисоли, ба қадри ва муродифҳои дигари онҳо истифода мешаванд. Муайянкунанда бо ин пешояндҳо ҳам пеш аз муайяншаванда ва ҳам пас аз он воқеъ шуда метавонад. Ҳангоми пеш омаданаш бандаки изофӣ ё худ аломати номуайянии -е илова мегардад, ки ба нотаъинии предмет ишора намуда, муайян кардани онро такозо менамояд: Санъати дар нозукӣ нозуктаре — Духтаракони ба мисоли парӣ (М. Турсунзода, Асарҳои мунтахаб). Дар дилаш зиндагӣ кардани милли Ризо ҷавони бегонаеро дар оилае, ки ҳамчун Гулизор духтари қадрасе дорад, написандид (С. Улуғзода, Восеъ). Лекин барои дуруст тафтиш карда барои мадани монанди «Шоҳнома» як асари бузург бисёр вақти дароз лозим буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Аз таги девори ҳуҷдра ба тарафи беруни сарой сӯрохе ба қадри даҳони оташдон во шуда буд (С. Улуғзода, Восеъ);

в) бо пасоянди барин. Муайянкунанда бо ин пасоянд пеш аз муайяншаванда воқеъ мешавад. Ташкили алоқаи байни муайяншаванда бо муайянкунанда ба туфайли пасоянди мазкур хоси забони адабии имрӯза буда, ҳоло рӯ ба инкишоф дорад: Гӯй вай дигар мушт барин дилаки майдаяки нарму гармаки худаш набуд (Ф. Муҳаммадиев, Варта). Аз таги кӯрпача...

пешина
аз 312
навбатӣ