Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

кафи даст барин коғази осмонирангро бароварда ба шавҳараш дароз кард (Ф. Муҳаммадиев, Шоҳии япон). Аммо ӯ медонист, ки ба Марзия барин зани дӯзахӣ қасам хӯрдан ҳеҷ гапе нест (С. Улуғзода, Восеъ).

  1. Муайянкунандаҳо, ки аломати предметро бо тобиши амал ва ҷараён ифода менамоянд. Ба ин вазифа ҳама шаклҳои сифати феълӣ истифода мешаванд, ки дар асоси аломати ифодакунандаи онҳо маънои амал мавҷуд буда, аз тарафи предмет ба иҷро мерасад ва ё предмет дучори он мегардад. Шакли замони ҳозира (марди хонанда, арақи шорон) процесси аломатро дар мавриди сухан нишон диҳад, замони гузашта (китоби хонда ё хондагӣ) ба замони гузашта, аммо шаклҳои замони оянда (китоби хондагӣ ё мехондагӣ) минбаъд, баъди гуфтани сухан ба вуқӯъ пайвастани онро муайян менамояд. Сифатҳои феълӣ ба вазифаи муайянкунанда дар шакли содда, мураккаб ва тафсилӣ омада метавонанд:

Наниманча ҳам акнун хандида, сурх шуда, як нигоҳи шармзадаи гурезон ба рӯи Виркан афканд (С. Улуғзода, Ривояти суғдӣ). Забони инҳо, фарзандонам, такрор мекунад муаллим бо овози ларзони хашмолуд, забони немисӣ нест (Ф. Муҳаммадиев, Шоҳии япон). Баъд... ба сӯи падар, ба сӯи фармон ва дастаки суръатбаландкунандаи автомобиль наздиктар омад (Ф. Муҳаммадиев, Шоҳии япон). Муғулони зиндамондагӣ пас гаштанд (С. Айнӣ, Қуллиёт)... Марди бухороии ғамгиннишаста чашм боло мекунад (С. Улуғзода, Ибни Сино). ...ҳаракатҳои дар миқобили амир шуданиро кӣ роҳбарӣ ва сардӣ мекунад? (С. Айнӣ, Қуллиёт).

  1. Муайянкунандае, ки миқдор ва тартиби предметро ифода менамояд. Заминаи морфологии ин навъи муайянкунанда шумораҳои миқдорӣ ва таркибӣ мебошанд. Шумораи миқдорӣ, ки пеш аз муайяншаванда воқеъ мешавад, адад ва миқдори онро таъин месозад: се китоб, даҳ нафар хонанда, бист дарахт ва ғ. Шумораи тартибӣ одатан пас аз муайяншаванда омада, барои нишон додани саф ва тартиби предмет хизмат мекунанд: дарси якум, синфи дуюм, қатори сеюм. Шумораи миқдорӣ дар вазифаи муайянкунанда бо нумеративҳо низ фаровон кор фармуда мешаванд. Масалан, сад танга пул, дувоздаҳ нафар талаба, як мошин пахта ва амсоли инҳо. Ду нафар йигити аз офтоб сип-сиёҳ шудагӣ... бо гаронии тамоми аз ҷой хестанд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Дар хона ду кампир дар истиқболи он аз по хеста буданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Арбобҳамид як чувол харбузаро дар лаби ҳавз чида монда, як дастархон фатири равғанизардиро... ба пеши ноиб бурда кушода монданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

Адади предмет — муайяншаванда ба тарзи тахмину гумон низ ифода меёбад. Ба ин вазифа одатан шумораҳои тахминӣ истифода мешаванд. Ин муайянкунандаҳо пешмавқеъ буда,

пешина
аз 312
навбатӣ