Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
қанд: Ин гапҳоро шумо дар даруни меҳмонхона дар байни понздаҳ-бист нафар ёру ҷӯра зада метавонед (С. Айнӣ, Аҳмади Девбанд). ...Ба мӯйҳоиш якто-нимто сафедӣ афтода буд (Ҳ. Қарим, Ҳикояҳо).
- Муайянкунандае, ки предметро бо роҳи ишора шарҳ медиҳад. Мафҳуми ишора ба макон ва замон нисбат дошта, ҳам предмет ва ҳам замони наздику дурро метавонад ифода намояд. Чунончи, ин китоб, он китоб, ин саҳар, он саҳар: Он муллобачча ошнои ту будааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ин чӯпон як бачаи дувоздаҳ-сездаҳсола буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Он вақтҳо ин диван набуд (Ф. Муҳаммадиев, Шоҳии япон).
БАЁНИЯ
Баёния аъзои пайрави ҷумласт, ки предметро аз ягон ҷиҳат муайян ва таъин менамояд. Баёния хусусияти муайянкунӣ дорад, вале аз муайянкунанда бо он фарқ мекунад, ки калимаи асосиро бо додани номи нав эзоҳ медиҳад, ҳамчунин алоқаи баёния бо калимаи асосӣ нисбатан сусттар аст. Баёнияҳо изофӣ ва ғайриизофӣ мешаванд.
БАЁНИЯИ ИЗОФӢ
Воситаи алоқаи баёнияҳои изофӣ бандаки изофӣ ба шумор меравад. Ин гурӯҳи баёнияҳо аз ҷиҳати мавқеашон нисбат ба калимаи баёншаванда ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:
- баёнияҳое, ки пас аз баёншаванда меоянд;
- баёнияҳое, ки пеш аз баёншаванда меоянд.
Бандаки изофӣ дар ҳолати якум бо калимаи баёншаванда ва дар ҳолати дуюм бо худи баёния меояд. Чунончи, дар ибораи Ҳасани аробакаш баёния аробакаш буда, дар ибораи амаки Ҳасанам баёния амак мебошад.
Баёнияҳои изофие, ки пас аз баёншаванда меоянд, аз ҷиҳати маъно ва муносибат гуногун мешаванд.
а) Баёнияҳое, ки вазифа, мансаб, ихтисос, касбу кори шахсро мефаҳмонанд. Ин гуна баёнияҳо бо исмҳои ҷинс ифода мешаванд:
Ӯ шеъри маро бе ҳеҷ танқид таърифи муболиғадор кард ва паси он таъриф ба ман фармуд, ки барои падари марҳумаШ — домулло Абдушукури қозикалон таърихи вафот навишта диҳам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Бинобар ин қозии Қурбонхони шоир гуф-тааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Бинои Совети қишлоқ, китобхонаи колхоз, ҳавлии Абдураҳмон-акаи ҳосилотӯро, айвони худи марҳум, ё дигар биноҳои сохтаи ӯро тамошо кунед, ҳангатон меканад (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Нарзии осиёбон ҳам халтаро ба даст мегиру ӯ худи ҳамин замон мегӯяд, ки борат фалон қадар (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Муҳаббатови

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё