Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

лектор дар курсӣ ва харақҳои дар пойгоҳи хона гузошташуда мунтазири навбати худ менишастанд (Ф. Муҳаммадиев, Сӯзи Мунаввар).

б) Баёнияҳое, ки аҳволи иҷтимоӣ, мансубияти шахсро ба табақа, миллат, синф, гурӯҳ, ташкилот нишон медиҳад: марди деҳқон, ҷавони коргар.

Хирманҷой чӣ хосияте дорад, ки дили марди деҳқон аз ҳасрату алам лабрез бошад ҳам, соате нагузашта, ҳамааш пароканда ва фаромӯш мешавад (Ф. Муҳаммадиев, Сӯзи Мунаввар). Шумо шояд донед, мо, муаллимони коммунисти қишлоқ низ, дар ҳисоби ташкилоти партиявии колхоз будем (Ф. Муҳаммадиев, Сӯзи Мунаввар). Баъд мӯйсафеди тоҷик «Шафеъ, пирмисро даргирон» гуфта худ чойники тунукаро бардошта барои об овардан ба тарафи наҳр равон шуд (Ф. Муҳаммадиев, Сӯзи Мунаввар).

Аз устодони расмӣ — домуллои кунҷакиаш Мулло Абдукарими Балхӣ ва домуллои дарсхонагиаш Мулло Ҳомиди араб буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

в) Баёнияҳое, ки тахаллус ва лақабро мефаҳмонанд. Ин гуна баёнияҳо бо исм ва сифатҳои исмшуда ифода мешаванд. Ба вазифаи калимаи баёншаванда бештар исмҳои хос меоянд. Зани Абдуллохӯҷаи Таҳсин духтари шоири машҳур Абдулқодирхоҷаи Савдо буда, баёзи калони Савдо ҳам дар дасти ӯ буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Комиссия дар ҳайати донишмандони бухороӣ будани Аҳмадмахдуми Дониш, Қорӣ Абдулмаҷиди Зӯфунун ва домулло Икромҷонро, ки овозаи дониши онҳо ба гӯши олимони рус ҳам расида буд, лозим донист (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Саиди Бисмил ҷомачаашро даруни эзор рағза карда, ба говкушӣ тайёр мешуд (Ӯ. Кӯҳзод, Кини Хумор). Дар таърих Ивани муқаддас буд, Ивани Калита буд, Ивани сеюм, Ивани Бузург ё Ивани шаддод буд, Иван Андреевичи масалсаро буд, Иван Поддубнийи паҳлавон буд, лекин Ивани Каҷ набуд, ки ин ҳам пайдо шуд, — мегуфтанд ҷӯраҳои ҳазлкашаш (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунчакӣ). Дар ҳақиқат, ман Аловуддини Говчигарро мешинохтам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Яке Шариф ном мард буд, бисёр қаддароз, ки аз ҳамин сабаб ӯро Шарифи Навча мегуфтанд, дигаре қадпаст ва каҷпо, номаш Ҳаит, Ҳаити Пакана (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Бояд ман дар ин ҷо мувофиқи ваъдае, ки дар порчаи боло додаам, дар бораи Шарифмахдум ва муносибати саргузашти ӯ бо Шукурбеки дузд маълумот диҳам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Медонист, ки Муяссара зани кист, Шарифаи Пучуқ духтари кист (Сорбон, Санги Сипар). ...он ба номи соҳиби аввалиаш — ҳавлии Мирзои Хурд машҳур буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Баъди як нафас сардори мо Ҷаббори якчашма бачагонро задакӯфта пароканда карду бандиро озод намуд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ба вазифаи исми баёншаванда исмҳои ҷинси ифодакунандаи унвон, мансаб, ихтисос ва исмҳои ғайришахс низ меоянд:

пешина
аз 312
навбатӣ