Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ёфтани ин ибораҳо ба он далолат мекунад, ки онҳо ба як мафҳуми муайян соҳиб шуда, чун воҳиди лексикӣ дар ҷумла вазифаи як аъзои ҷумларо адо мекунанд: Шодӣ тафсили воқеаи Незматовро пурсид (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Имрӯз мақсади ман адреси хонаи Корӣ-Ишкамбаро ёфтан буд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Дар Душанбе онҳо аробаи чорчархаи як асатинро киро карда, ҷониби Вахш равон шуданд (С. Улуғзода, Навобод).
Ман чақ-чақҳои ӯро завқ карда мешунидам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ин сӯҳбати гарму ҷӯшон риштаҳои робитаи онҳоро ба ҳамдигар абадӣ кард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Пуркунандаи бевосита дар таркиби худ муайянкунандаи беизофӣ (бо ҷонишинҳои ишоратӣ ифодаёфта) дошта бошад, хатман бо пасояндӣ «-ро» сурат меёбад: Маҷлис ин масъаларо ҳам ҳал кард (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Гулрӯ ин имову ишораро фаҳмид (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Писарам бошад, он дилу гурдаро надорад (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Дар ҷумла пуркунандаи бевоситаи суратёфта ба хабарҳои аз феъли ҳол сохташуда низ тобеъ шуда метавонад: Самоворчӣ сандалиро ба ҷояш гузошта, ба рӯяш кӯрпаро паҳн кард (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Одами кулчарӯй пальтояшро кашида, ба дасти ҷавон дод (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Қалам ва давотро гирифта, ба тоҷҷа гузошт (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Дилбар дастархонро гирифта, ба пеши модараш кушод (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
II. Пуркунандаи бевосита предмети номуайянро нишон диҳад, бе ягон воситаи грамматикӣ ба хабари ҷумла тобеъ мешавад. Ин гуна пуркунандаро пуркунандаи бевоситаи суратнаёфта меноманд: Дар сари зина аз ӯ гӯгирд пурсид (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Дилбар дуруст ош хӯрда натавонист (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ширкат барои онҳо трактор харида овард (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Файзи пагоҳӣ ба даштрӯя зебоӣ мебахшид (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Пуркунандаи бевоситаи суратнаёфта ҳамеша бо хабари феълии ҷумла ҳампаҳлу меояд. Гоҳо ин пуркунандаҳоро аз қисми номиӣ феълҳои таркибӣ фарқ кардан мушкил мешавад. Дар ин сурат исми назди феълро аз паҳлӯи он дур кардан лозим аст.
Агар феъл маънои худро гум накунад ва он исм бо пасоянди «-ро» сурат ёбад, пуркунандаи бевосита будани исм собит мегардад: Барои магазини қишлоқ мол ҷудо кунонд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Молро барои магазини қишлоқ ҷудо кунонд.
Пуркунандаи бевоситаи суратнаёфта ҳам мисли пуркунандаи суратёфта дар назди хабарҳои бо феъли ҳол ифодашуда омада метавонад: Ин ошхонадорҳо дар як ҷой оташдон кофта, дег шинонда, ҳезум тайёр карда менишастанд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Феълҳои таркибии номӣ ва ибораҳои маҷозии феълӣ дар забони мо хеле зиёд кор фармуда мешаванд. Бинобар ин дар вақти таҳлили пуркунандаи бевоситаи суратнаёфта ба маънои ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё