Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
гуна феълҳо эътибор додан зарур аст: Ман аз паси дар гӯш додам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Дар ҷумлаи мазкур таркиби «гӯш додан» маънои маҷозиро ифода карда, ба ҷои феъли «шунидан» истифода шудааст.
Ба ҳамин тариқ, ҳамаи исмҳои дар назди хабарҳои феълӣ омада пуркунандаи бевоситаи суратнаёфта шуда наметавонанд. Як қисми ин калимаҳо (чи исми маъно ва чи исми конкрет) бо ҳамроҳии феълҳои ёридиҳанда омада, феъли таркиби номиро ташкил мекунанд. Феълҳои хоб кардан, тараққӣ додан, истифода кардан, ваъда додан, ҷанг кардан, гап задан, фишор додан, дӯст доштан ва ғайра аз ҳамин қабиланд.
БО ҲИССАҲОИ ГУНОГУНИ НУТҚ ИФОДА ШУДАНИ ПУРКУНАНДАИ БЕВОСИТА
Пуркунандаи бевосита ғайр аз исм ва ҷонишинҳои шахсӣ бо ҳамаи ҳиссаҳои нутқ, ки дар ҷумла ба ҷои исм омада метавонанд, низ ифода мегардад.
Пуркунандаи бевоситаи суратёфта ва суратнаёфта аз ҷиҳати бо ҳиссаҳои нутқ ифода шудани худ каме фарқ доранд. Пуркунандаи бевоситаи суратёфта бо исм, ҷонишинҳои шахсӣ ва дигар ҳиссаҳои нутқи мафҳуми предметӣ пайдокарда ифода шуда метавонад. Аммо пуркунандаи бевоситаи суратнаёфта танҳо бо исмҳои ҷинс ва пурсишҷонишини чӣ ифода мегардад. Онҳо аз ҷиҳати бо ибораҳо ифода ёфтани худ низ аз ҳамдигар то андозае тафовут доранд.
Мо дар боло бо исмҳои шахс ва ҷонишинҳои шахсӣ ифода ёфтани пуркунандаи бевоситаи суратёфтаро дида будем. Акнун бо исмҳои ҷинси гуногун ифода ёфтани пуркунандаи бевоситаи суратёфтаро нишон медиҳем: Модар оҳиста ба хона даромаду лампаро хомӯш кард (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Самоворчӣ бедор шуда дарро кушод (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Хӯроквориҳоро дар хӯрҷин андохта... ба роҳ мебаромадем (С. Айнӣ, Марги судхӯр). ...Аз дасти ман аспро гирифта, ба сарой даровард (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Пуркунандаи бевоситаи суратёфта метавонад бо исмҳои маъноӣ (абстракт) низ ифода ёбад: Каримабону бо меҳмонҳо пурсуҷӯро сар кард (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Пуркунандаи бевоситаи суратёфта ба ғайр аз ҷонишинҳои шахсӣ ва нафсӣ бо дигар хелҳои ҷонишин низ ифода меёбад:
а) пурсишҷонишинҳо: Шумо киро ба худ муовин кардани? (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Маҷлиси машваратии Москва чиро нишон дод? (газ. «Тоҷикистони Советӣ»).
б) ҷонишини таъйинӣ: Юнус-бобо зуд аз матлаби Зебӣ пай бурда, ҳамаро ба кор даъват кард (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
в) ҷонишини манфӣ: Лекин ин ҳама оворагии онҳо ҳеҷ касро дилгир намекард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
116

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё