Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ, Ҳотам Луччак, Ҳусейн-паҳлавон, Салим-партизан, Азиз-мерган, Ҷӯра-батрак:

Аминҷон Шукӯҳӣ шоири лирик мебошад («Садои Шарқ»). Масалан, Муҳаммадҷон-ака, Қосимҷон Олуфта ва дигарҳо чӣ хел рафтор карда гаштиянд? (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Мурод Луччак одамест, ки ягон чизро орзуи хушк карда намемонад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Пахтаю ҷуворимаккаи Мирабдулло Буқоқ (ҷогар) ҳоло аз об сер нашуда буданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дар он хона Раҳимбой ном кас истиқомат мекунад, ки ӯро Раҳимбой Хурӯс мегӯянд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Мулоқот бо Наврӯз-паҳлавон ба хотираш омад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҷӯра-батрак аз ҳама поён нишаста, ба боло нишастагон бо шубҳа нигоҳ мекард (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Баёнияҳои дигар, алалхусус баёнияҳои ифодакунандаи хешу акрабо, эҳтиром ва одоби муошират дар асарҳои бадеӣ бо ниятҳои услубӣ, бештар аз забони персонажҳо истифода мешаванд:

Ҳавлии Зебӣ-хола дар канортари қишлоқ, дар охири кӯчаи калон воқеъ гашта буд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дадабой-амакатро аз ёдат баровардӣ? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ана бинед, Ашраф-амакам чӣ хел одами нағз будунду баногоҳ ин хел йӯрга бароварда, ба сари Сайёра-апаат чӣ рӯзеро оварданд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Бунафша, муаллима-холаатонро дидам (Сорбон, Санги Сипар). Писари ман ҳафт сол боз дар мактаби Наҷмиддин-домулло мехонад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ман оҳиста ба назди Мирзо-муаллим рафта, гуфтам, ки арзе дорам (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

ПУРҚУНАНДА

Аъзои пайраве, ки бо хабари ҷумла муносибатҳои гуногун дорад, пуркунанда номида мешавад. Дар ҷумла пуркунан-даҳо асосан бо исм ва ҷонишинҳои шахсӣ ифода меёбанд. Ало-қаи пуркунандаҳо бо хабари ҷумла бо ду роҳ ба амал меояд: 1. Ба воситаи калимаҳои ёридиҳанда (пешояндҳо, пасояндҳо). 2. Бо роҳи ба хабари феълӣ тобеъ шудани исмҳо.

Пуркунанда дар забони адабии тоҷик мувофиқи аломатҳои грамматикӣ, маъно ва муносибати ба хабари феълӣ доштан худ бевосита ва бавосита мешавад.

ПУРҚУНАНДАИ БЕВОСИТА

ПУРҚУНАНДАИ БЕВОСИТА ВА РОҲҲОИ ИФОДАИ ОН

Пуркунандаи бевосита предметеро нишон медиҳад, ки таъсиру ҳаракати хабари бо феъли гузаранда ифодаёфтаи ҷум-ла ба он мегузарад: Дар ин сурат бояд ӯ сартарошро зиёдтар

пешина
аз 312
навбатӣ