Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

гуфт («Тоҷикистони Советӣ»). Дар як сӯ адмират Колчак худро ҳокими мутлақи Уралу Сибиру Шарқи Дур сохта, дар сари роҳаш шаҳру деҳотро сӯхта, хароб ва ғорат карда, ҳазорон-ҳазор одамонро аз дами теғ гузаронида, ба сӯи Маскав ҷадал мекард (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Аммо ин вақт дар ҷануби Россия генерал Деникин сар бардошта буд (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар).

  1. Баёнияҳое, ки ҳурмату эҳтиром ва муносибатро ифода мекунанд. Дар ин қолиб калимаҳои ифодакунандаи муносибат, мартаба, ихтисос, пеша бештар истифода мешаванд:

Ҳукми боэътимод фазилат аст, рафиқ Олимӣ (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ). Мардум барои пешвоз гирифтани рафиқ Калинин ба вокзал шитоб мекарданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Муаллим Мирзо Турсунзода дар муҳокимаи повесть хеле хуб гуфта буданд, ки Толис дар хазинаи сухан чун заргар бо ҷавоҳирот ҳунарнамоӣ кардааст (Ф. Муҳаммадиев, Дар сӯҳбати Толис). Устод Боқӣ ба тариқи ғазл гуфта буданд («Садои Шарқ»). Дӯстам Баҳром, аз ҳоли онҳо хабар гирифта ист («Машъал»).

Аз калимаҳои ифодакунандаи хешу ақрабо дар ин қолиби синтаксисӣ ва ба ин вазифа асосан калимаи ака истифода мешавад, ки хоси забони гуфтугӯ ва шева мебошад: Ака Муқим туро шинохта намешавад, фасон шудӣ (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

  1. Баёнияҳо, ки муносибати хешу ақрабо ва ёру дӯстиро мефаҳмонанд. Калимаҳо ба ин вазифа одатан бо бандакҷонишинҳои соҳибӣ меоянд: Бародарам Азизхон аз муҳаббати падару модар суиистифода менамуд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ба падарам Ҳамроҳи Қодир ва модарам Ёдгора мебахшам (Сорбон, Санги Сипар). Амакам Исохон дар Тошканд тагҷой гашта, чаҳор писар ва як духтараш дар ҳамин ҷо калон шуда буданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). — Холаям Зебо басо меҳрубон буд («Садои Шарқ»).

Агар баёния тафсил ёбад, бандакҷонишин бо калимаи тобеъ меояд:

Ҳарчанд ҷӯраи ҳамдеҳааш Салим аввал дар омӯзишгоҳ хонда муаллим шуд, сонӣ боз чанд сол ғоибона таҳсил карда, ба мартабаи директори мактаб ва баъдтар раиси Совети қишлоқ расид, бо Аҳмадбек ҳамон ҷӯрагии айёми бачагии худро давом медод (Ф. Муҳаммадиев, Сози Мунаввар). Лекин ман аз янгаам Каромат намеранҷидам: вай ба ҳамаи мо бо як чашм нигоҳ мекард ва меҳрубон буд ва ҳол он ки мо ҳамагӣ, ғайр аз духтарчаи худаш Ҳалима, ба вай бегона будем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Баёнияҳои беизофӣ пас аз баёншаванда хеле кам меоянд. Ин тарзи истифодаи баёнияҳо хоси гуфтугӯ мебошад. Аз ин гурӯҳи баёнияҳо калимаҳое, ки тахаллус ва лақабро ифода мекунанд, ба нормаи забони адабӣ даромадаанд: Абуабдулло

пешина
аз 312
навбатӣ