Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
вақте ки махдуми Муҳаммадӣ ба сари зинаи ҳавзи Ғозиён нишаста будааст, бобои кафшдӯзон, ки вай ҳам аз гузари Ғозиён буд, омада ба паҳлӯи ӯ менишинад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Эшонқул дар рӯзи аввалини таътили ҳамон ҳафта махдуми Ҳайратро пеши ман гирифта овард (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ҳамаи он таърифҳо, ки дар тӯйҳо шунид, имрӯз дар назараш баробари як таънаи сарироҳии беваи Соро вазн надошт (У. Кӯҳзод, Кини Ҳумор).
БАЁНИЯҲОИ БЕИЗОФӢ
Тарзи алоқаи баёнияҳои беизофӣ ҳамроҳӣ буда, воситаи грамматикии он интонасия мебошад. Баёнияҳои беизофӣ ҳам пеш аз баёншаванда ва ҳам пас аз он меоянд. Баёнияҳое, ки пеш аз баёншаванда меоянд, аз ҷиҳати маъно ва муносибат гуногун мешаванд.
- Баёнияҳое, ки вазифа, мансаб, ихтисос, касбу кор ва мавқеи иҷтимоиро мефаҳмонанд:
Аммо амир Абдулаҳад ин гуна зиндагонии озодонаро ба ӯ раво надида, чунон ки ба Шоҳин ва ба Қорӣ Қаромати Дилкаш раво надида буд, ба сифати надимӣ ба дарбори худ кашид (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Азиз аз шогирдони қози Абдулвоҳиди Садри Сарир буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Муфтӣ Зокир ба сараш кулоҳ монда, аз хоб хестагӣ барин ба истиқболи омадагон тохт (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Аз Мирзо Бедил, Хоҷа Ҳофиз, Навоӣ пурсӣ, чашмашонро пӯшида, варақ-варақ аз ёд мехонданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Шоир Мӯъмин Қаноат, мунаққид Масъуд Муллоҷонов ва ман одатан дар хонаи калони редакция менишастем (Ф. Муҳаммадиев, Дар сӯҳбати Толис). Муаллима Ашӯра ҳам дастархон карда овард (Сорбон, Санги Сипар). Машғулияти фикрии мо аз шунидани қироати газетаи «Фарғона» ва сӯҳбати студент Шамсуллоев иборат буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Бо ин суханон духтур Муҳиб қадаҳи майдаи шаробро ба хоними нависанда тақдим кард (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Ба вазифаи калимаи баёншаванда на танҳо исмҳои хос, балки гоҳо исмҳои ҷинси шахс низ меоянд:
Бечора як домулло имом хабари онҳоро ба ман расонид (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Номашон чӣ буд — муфтӣ бовом ҳастандку... (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
- Баёнияҳое, ки дараҷаи илмӣ, унвонҳои фахрӣ, рутбаро далолат мекунанд:
Профессор М. С. Андреев боз чандин дафъа ба дорулмуаллимини мо омад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дар мизи
мудаввар доктори илми филология Муҳаммадҷон Шукуров,
номзади илми филология Ҳамроқул Шодиқулов баромад карданд («Садои Шарқ»). Дар сӯҳбат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, депутати Совети Олӣ Миралӣ Маҳмадалиев чунин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё