Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Не, – лоқайдона даст афшонд Н. – Бо падарам андак пархош кардем. Барои ҳамин бисёр наистодам.
Аз гапи ў хандаи Ҳайрат омада, гуфт:
– Ту, ба фикрам, ба он дунё равӣ ҳам, бисёр намеистӣ.
Бо мурдаҳо муросо накарда, зуд бармегардӣ…
28. 11. 1996.

БА ФАҲМАШ НАМЕРАВӢ

Тангдастӣ ва мушкилоти рўзгор маҷбур месозанд, ки дар яке аз мактабҳои шабона низ кор кунад.
Рўзи авали кор ба ў мефаҳмонанд: мактаби шабона ҷиҳатҳои хоса дорад. Дар ин ҷо асосан коргарҷавонон мехонанд, яъне онҳое, ки рўзона дар ягон завод ё фабрика дастандаркоранд. Бинобар ин иштироки шогирдон ба дарсҳо чандон хуб нест. Ташвишҳои зиндагӣ ва заводу фабрика ба онҳо имкон намедиҳанд, ки мунтазам ба дарсҳо оянд.
Сипас ду рўйхатро нишон медиҳанд. Дар варақи якум ҳайати гурўҳи воқеӣ будааст, яъне онҳое, ки иштирокашон ба дарсҳо ҳатмист. Дар варақи дуюм– ҳайати гурўҳи сифрӣ (нулевой), яъне онҳое, ки ба мактаб наоянд ҳам, бояд мавриди интиқод ва сарзаниш қарор нагиранд.
Қоидаҳои булаҷаби мактабҳои шабона Муҳаммад Юсуфро ба кўи ҳайронӣ андохта бошанд ҳам, ў чизе нагуфта, ба кор мепардозад. Вале баъди се моҳ… нохост аз кори мактаб даст мекашад.
Директории мактаб аз тасмими хилофи чашмдошти шоири муаллим гаранг шуда, мепурсад: «Мўҷиби ин тасмим чист? Ба дарс наомадани шогирдон?»
– Ҳа, – иқрор мешавад Муҳаммад Юсуф. – Дар воқеъ ҳам, соатҳо роҳи шогирдонро поидану дар синфхонаҳои қариб холӣ дарс гузаштан чандон мароқангез нест. Вале маро бештар тартиби ғайриоддии кор ҳайрон месозад.
Рости гап, ба омўзгориам се моҳ шуд, бо вуҷуди ин, фаҳмида наметавонам: гурўҳи сифрӣ (нулевой) аз гурўҳи воқеӣ чӣ фарқ дорад.

пешина
аз 231
навбатӣ