Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Зеро ҳайати ҳарду гурўҳ ҳам аксар вақт ба дарс намеоянд.
Директор огоҳона калла ҷунбонда, ба аризаи Муҳаммад Юсуф имзо мегузорад.
– Масъалаи интизом дар ҳақиқат сарбаста аст, – мегўяд сипас. – Лекин шумо одами ғалатӣ будаед, ки мехоҳед дар бадали се моҳ сирри ин муамморо фаҳмед.
Ман сездаҳ сол аст дар ин мактаб кор мекунам ва ҳоло ҳам ба фаҳми он намеравам…
01. 12. 1996.
ПОДОШИ АРЗАНДА
Шоир Н. ба устод Қутбӣ Киром қасидае пешкаш кард, ки ҷиҳати вазну қофия ва қоидаҳои дигари назм расо буд, вале ҷиҳати мазмун тозагие надошт ва подоши арзанда гирифт: ҳамёни бисёр зебо, вале холӣ…
02. 12. 1996.
МЕТАВОНЕД
Як силсила аз ашъори тозаи Н. дар рўзнома чоп шуд.
Азбаски ҷайби Н. холӣ буд, ба чанд ҳуҷра сар халонда, ниҳоят як миқдор пул ёфт ва чанд нусха рўзнома харида, ба нашриёт баргашт.
Огаҳӣ бо баҳонаи айнакаш дар хона мондааст, як нусха аз он рўзномаҳоро ба ҷузвдони худ андохт. Шоир Н. барои дрёфти пули рўзнома камтар заҳмат накашида бошад ҳам, дам назад. Зоҳиран, ў мехост, ки чакидаҳои хомаашро мунаққиди муҳтарам хонда, таассуроташро гўяд.
Рўзи дигар шоир Н. аз Огаҳӣ пурсид, ки оё шеърҳояшро хондааст.
– На, – гуфт ў. – Кор бисёр буд, ба хондан даст нарасид.
Дере нагузашта, Огаҳӣ боз ба нашриёт омад ва аз нигоҳҳои шоир Н. маъно бурда, гуфт: ҳанўз ҳам нахондааст шеърҳои ўро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё