Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Як вақт ў ба шоири ҷавон Ҳамроҳи Авлиёпур рў оварда, гуфт, ки вайро чанд бор дидааст, аммо номашро намедонад.
– Номи ман Ҳамроҳ, – табассум кард шоири ҷавон. – Бо номи шумо ҳамқофия.
– Дуруст, – андешамандона пешона молид акаи Фаттоҳ ва аз чӣ бошад, хотиррасон намуд:– Лекин номи ман ташдид дорад.
Шоири ҷавон боз табассум кард ва ба як навъ оҳанги дардолуд гуфт:
– Ин муҳим нест. Муҳим он, ки номи ҳардуямон бо «оҳ» тамом мешавад…
22. 11. 1996.

ЗУД БАРМЕГАРДӢ

Ҳамкорамон Н. як хислати нобоб дорад: бисёр тез аст. Баъзан ў аз сабабҳои ночиз ҳам оташ гирифта, ба рўи ҳамсуҳбати худ медавад.
Кадом сол ба Н. лозим омад пай дар пай ба чанд ноҳияи ҷумҳурӣ сафарҳои хидматӣ кунад. Бояд гуфт: ҳар дафъа муҳлати сафараш ба охир нарасада, бедимоғу ошуфтаҳол бармегашт ў. Сонитар мефаҳмидем: ё бо кадом як раиси колхоз тувуман кардааст, ё аз гиребони ягон мудири ферма гирифтааст, ё…
Хуллас, аз Файзободу Кофарниҳон, Регару Ҳисор ва Вахшу Ҷиликўл низ ҳамин тавр бо табъи хира баргашт ў ва ниҳоят озими ноҳияи Кўлоб гардид.
– Ин дафъа бе нағма бармегашатагист, – мегуфтанд баъзеҳо. – Кўлоб ба ҳар ҳол Ватанаш аст.
Вале, чунонки сонитар маълум шуд, хўи бадро Ватан низ ба фарзандаш намебахшидааст. Тибқи одат Н. боз ошуфтаву шикастадил ва пеш аз муҳлат аз сафар баргашт.
Азбаски чашмонаш сурху лунҷҳояш варамида буданд, ба дили ҳамкорон алав афтида, хавотиромез пурсиданд: барои чӣ зуд баргашт, ба ягон беморӣ– ку мубтало нашудааст.

пешина
аз 231
навбатӣ