Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Рафтам, фаҳмидам. Ва қариб буд забонам ба калима нагардад. Аз хурсандӣ, албатта. Дар он ҷо, охир, хона тақсим мекунанд.
Раис:
– Аҳмадшоҳ, интихоб кун: панҷҳуҷрагиашро мегирӣ ё сеҳуҷраашро.
– Чӣ хел панҷҳуҷра? Аз рўи шунидам нашриёт се хона харидааст: чорҳуҷра, сеҳуҷра ва дуҳуҷра.
– Панҷҳуҷраро комитет дод. Худи раис ҳамин саҳар омада гуфт, ки мо ба «Адиб» як хонаи панҳуҷра ҷудо кардем.
– Офарин ба раис! Лекин ман ба комитет бовар надорам. Бештар аз даҳ сол аст, ки дар нашриёт кор мекунам.
Вале то ҳол надидаам, ки… Не, комитет хона ёбад, ба кормандони бехонаи худ медиҳад. Вай аҳмақ нашудааст, ки ғами муҳаррирони нашриётро хўрад. Барои ҳамин…
нақдашро диҳед, аз насяаш гап назанед.
– Аҳмадшоҳ, – мегўяд раис Искандари Ҳамроқул, – андеша кун. Раиси навро гап– гап аст. Вай баҳудаву беҳуда даҳон намекушояд. Гир панҷҳуҷрагиро!
– Не, ба ман сеҳуҷраашро диҳед.
– Аҳмадшоҳ, пушаймон мешавӣ. Оилаи ту калон – чор фарзанд, худату занат. Се ҳуҷра кам аст.
Гуфтам– ку: ба ман нақдаш лозим. Аз хонаҳои харидаи нашриёт диҳед.
– Панҷҳуҷрааш ҳам нақд аст. Не нагў, Аҳмадшоҳ!
– Охир…
– Охир не, ҳа гўй!
– Ҳа, хуб…
Ҳамин тавр, аз рўи тақсимот хонаи панҷҳуҷра ба ман расид. Ва сар шуд ташвишу тараддудҳои беохири ман…
Ташвишу тараддуд? Барои чӣ?
Маълум гардид, ки ҳиммати комитет аз кисаи холӣ будааст. Шаҳрдор Икромов хоҳиши раиси моро ба назар гирифта, гуфтааст: ба шумо панҷ хона медиҳам, дар семоҳаи чоруми сол. Ба як шарт, нақшаи хонасозии шаҳр иҷро швад. Раиси мо наандешидааст: «Плани хонасозии шаҳр иҷро нашавад– чӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё