Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

АЗ ШУНИДАҲО:
– Як рафиқ сарашро ба девор заду афсўс хўрд. Гуфтам: ҳоҷати афсўс нест. Гуфт: Чаро? Гуфтам: Ту аздусар бо сарат кор намекунӣ. Ў хандид: Гапат дуруст, дар воқеъ ҳам ман бо сари худ кор намекунам. (Аз нақли Муҳаммад Юсуфи шоир).

АЗ ГУФТАҲО:
Баҳманёр гуфт, ки имрўз комиссияи қабул асту ту дасти холӣ омадӣ? Гуфтам: Парво накун, киса пур аст.

ШУНИДАҲО:
Саттор гуфт, ки дар ҷое ки Юсуфҷон (Акобиров) ҳозир аст, ман мукофот намегирам.
– Юсуфи гумгашта, – луқма партофт Убайд Раҷаб.

– Хона медиҳанд? Кай?
Ҷавоб боварибахш буд: ба қарибӣ. Бо вуҷуди ин, хотири ман ҷамъ нашуд.
Вале аз байн чанд рўз гузашту боз гапи нав баромад:
Нашриёт се хона харидааст. Аз горисполком. Ва дили ман аз умед саршор гашт. Зеро ғайри гап далели дигаре ҳам буд– калид. Намояндаи местком Турсунмурод чанд калидро нишон доду гуфт: «Ин калидҳои хонаҳои харидаамон».
Умед ҳоло эътимод нест. Ман гоҳ хурсанду гоҳ андешаманд гаштаам. Зеро солҳои зиёди иҷоранишинӣ ва истиқомат дар хобгоҳ (ҷамъулҷамъ 15 сол) бовариро дар ман куштаанд. Акнун наметавонам ба осонӣ ба ин гапҳо бовар кунам.
Аммо…
– Ба местком равед. Шуморо Раис ва дигарон интизоранд.
– Интизоранд. Барои чӣ?
– Равед, мефаҳмед.

пешина
аз 231
навбатӣ