Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Он гоҳ чӣ мешавад?»
Ана, аз чӣ сар зад сарсониву саргардонӣ.
Онҳое, ки навбати хонагириашон хеле ақиб буд, якбора соҳиби хона шуданд, ман ки навбатам дар аввал буд, дар кўча мондам.
Хайр, кори нашуданӣ шуд. Вале якбора дасту дил шустан лозим нест. Аз ҷони набаромада– умед. Бояд талош кард, мубориза бурд, насибаро гирифт.
Пеши раис рафтам. Ў гуфт, ки горисполком хоҳад– нахоҳад хона медиҳад, Икромовро ваъдааш қатъист. Сипас мактубро нишон дод, ки аз Икромов омада буд. Мо дар нашриёт дар асоси ҳамин мактуб ва қарори местком виписка гирифта додем ва бо раиси местком Искандари Ҳамроқул ба горисполком назди мудири шуъбаи тақсими манзил Зубайдулло Шукруллоев рафтем. Вай тарбузи ҳардуи моро аз бағал афтонду гуфт, ки шумо бармаҳал назди ман омадед. Аввалан, мо дар мактуб гуфтаем, ки дар сурати иҷрои плани хонасозии шаҳр ба шумо хона медиҳем. Сониян, бисёр боумед нашавед, фоизи иҷрои плани хонасозӣ дар ани замон, яъне моҳи сентябр, 43 асту бас.
Ҳуш аз сари мо парид: ана гапу мана гап! Зуд ба раис занг задем, баъд ман боз наздаш рафтам. Ў боз ба дили ман умед андохт. Гуфт: Ман дубора ба Икромов сари ин масъала гуфтугў кардам. Вай гуфт, ки мо ҳатман хона медиҳем, фақат хонагирҳои шумо онро тармим карда мегиранд. Яъне горисполком масолеҳ медиҳад, худашон хонаҳояшонро тармим мекунанд. Ин, албатта, дарди бахайр буд, хурсанд шудам ва боз остонаи кабинети Шукруллоевро кўбидаму аз пештара ҳам ноумедтар шудам.
Ў гуфт, ки ман аз маслиҳати раисон дарак надорам ва чизе ваъда намедиҳам.
ЧИЗИ ОДДӢ
Музаффари Хол бо дастнависи муаллифи чанд китоби дарсӣ префессор Н. шинос шуда, таассуроташро иброз дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё