Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз гуфтаи боло пайдост, ки ашъори Хоҷу ҳанўз дар вақти бар ҳаёт будани шоир ба шакли девон мураттаб шудааст. Аз рўи дебочаи ҳамон дастхати соли 750 ҳиҷрӣ, ки дар он Хоҷу ҳамчун шахси барҳаёт зикр гардидааст, девони шоир ро ба тарзи зайл мураттаб кардаанд.

  1. Қисму-л-аввал, фӣ-т-тавҳид ва-н-наът ва-л-мавоиз ва-л-ҳикам.
  2. Қисму-с-сонӣ, фӣ-л-мадоеҳ ва-т-таҳонӣ ва-л-муқаттаот ва-л-мутоибот ва-л-ахоҷӣ.
  3. Қисму-с-солис, фӣ-л-ғазалиёт ва он мақсум аст бар ду синф ал-ҳазариёт ва-с-сафариёт.
  4. Қисму-р-робеъ, фӣ-р-рубоиёт ва-л-муаммиёт ва-л-луғат.
  5. Қисму-л-хомис, фӣ-л-маснавиёт ва он муштамил аст бар ду китоб – «Ҳумой ва Ҳумоюн» ва «Гулу Наврўз».
    Аммо тамоми девони Хоҷуро бар ду қисм ҷудо кардаанд, ки қисми якуми он «Саноеъ-ул-камол» ва қисми дувумаш «Бадоеъ-ул-ҷамол» ном шудааст.
    19 «Саноеъ-ул-камол» қисми бештари девонро дар бар мегирад (саҳ.93-565).
    Аз дебочаи дастхат пайдост, ки ин қисми девони Хоҷуро чанде аз фузалои замон мураттаб карда ба ин қисм ду маснавӣ: «Ҳумой ва Ҳумоюн» ва «Гулу Наврўз»-ро низ дохил намудаанд.
    Қисми «Саноеъ-ул-камол»-и девони Хоҷу қасоид, қитъаот, таркибот, тарҷеот ва ғазалиёти шоирро дорост. Ғазалиёт низ дар ду дафтар аст, ки яке ғазалиёти айёми сафар буда, ба ин муносибат сафариёт номида шудааст.
    Дафтари дувум, ғазалиётест дар мавқеи муқимӣ (дар ҳазар) гуфта шудааст ва ба ин ҷиҳат «Китоб-ул-ҳазариёт фӣ-л-ғазалиёти мин девони саноеъи-л-камол»
    ном дорад.
    Қисми «Бадоеъ-ул-ҷамол» низ қасоид (мадҳия), таркибот, давтари ға-
    20 залиёт, ки «Шавқиёт» ном дорад ва рубоиёти ўро дорост. Дар ин девон ашъоре, ки пас аз танзими девони «Саноеъ-ул-камол» эҷод гардида буд, гирд оварда шудааст.
    Дар дебочаи девон қайд карда шудааст, ки «Саноеъ-ул-камол» 25 ҳазор байт дорад (саҳ.92). Вале ба фикри Суҳайлии Хонсорӣ, ки маснавиҳои шоирро дар чопи худ дохил нанамудааст, адади абёти ҳамаи ашъори девони интиқодии
    21 Хоҷу (бо 4340 байти «Бадоеъ-ул-ҷамол») ба 15076 байт мерасад.
    қасида. Қисми зиёди девони Хоҷу аз қасида иборат аст. Қасида ва мадҳияҳои ў ба ҳокимони замон, ба соҳибмансабони хурду калон ва арбоби мухталифи замон, инчунин ба мавзўъҳои фалсафию илмӣ иншо шудаанд.
    Албатта, дар баъзеи ин қасидаю мадҳияҳо шоир қитъаҳои хуб дорад, ташбеҳҳои санъаткорона ва тасвироти устодона эҷод намудааст. Дар баъзе қасидаҳои шоир қитъаҳои шикоят аз замону ноадолатиҳо ва ногувории зиндагӣ, каҷрафтории фалак ва инчунин баёни ҳоли худ дида мешавад, ки аз аҳамият холӣ нест. Дар қисмате аз ин қасидаҳо тасвири воқеаҳои таърихии он замон аҳамияте доранд ва аз мубориза ва задухўрдҳои байниқабилавӣ ва ҷангҳои феодалии харобиовар шаҳодат медиҳанд. Дар қасидаҳои мадҳияи худ шоир дарди дил ва ҳолати рўҳии худро камтар ошкор намуда бошад ҳам, дар
    22 мавъизаҳои худ, ки бештар равияи андарзҳои ирфониро доранд, ў назари худро нисбат ба ҳаёти ҷорӣ, роҷеъ ба замонаву носозгориҳои он баён намуда, соҳибмансабон ва забардастони замонро ба роҳи адолат ҳидоят менамояд.
пешина
аз 235
навбатӣ