Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Дебочаи «Гулу Наврўз»-ро муаллиф ба вазири замон – Тоҷиддин Аҳмади Ироқӣ бахшида, як боби охирро ба мадҳи Абўисҳоқ Иброҳими Козирунӣ тахсис намудааст.
3. Савумин маснавии Хоҷуи Кирмонӣ «Равзат-ул-анвор» аст, ки вайро муал лиф ба истиқболи «Махзан-ул-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ ба вазни сареъ (муфтаилун, мафтаилун, фоилун) сурудааст. Хоҷу ин асарашро ба номи Шамсиддин Муҳаммад Сонии Қозӣ бахшидааст, ки вай ҳангоме вазири Абўисҳоқ ва чанде ҳукмрони Кирмон буд.
4. Чаҳорумин маснавии Хоҷуи Кирмонӣ манзумаи «Камолнома» аст.
Бино ба гуфтааш муаллиф ин маснавиро дар зарфи як-ду моҳ сурудааст ва дар соли 744 ҳиҷрӣ — 1343 милодӣ поён ёфтааст. Дебочаи «Камолнома» дар мадҳи Шайх Абўисҳоқи Козирунӣ буда, дар хотима Султон Ҷамолиддини Абўисҳоқ ибн Маҳмудро васф намудааст.
Хоҷу ин манзумаашро ба вазни хафиф (фоилотун, мафоилун, фаълун) – вазни «Баҳромнома»-и Низомии Ганҷавӣ ва маснавии «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат»- и Саноӣ сурудааст. «Камолнома»-и Хоҷу яке аз аввалин ва аз беҳтарин татаббўъҳои «Бўстон»-и Шайх Саъдӣ ба шумор меравад.
5. Панҷумин маснавии Хоҷуи Кирмонӣ «Гуҳарнома» (ё «Гавҳарнома») аст, ки муаллиф онро дар соли 746 ҳиҷрӣ (1344 милодӣ) хатм кардааст.
Ин маснавӣ ба вазни ҳазаҷ (мафоӣлун, мафоӣлун, мафоил) – вазни «Хусраву Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ суруда шудааст. Дебочаи «Камолнома»
ба номи Амир Муборизиддин Муҳаммади Музаффар унвон шудааст. Аммо асли маснавӣ дорои зикри насабномаи хонадони Низомулмулки Тўсӣ – вазири Салҷуқиён аст, аз ин ҷиҳат барои омўхтани таърихи он силсила низ аҳамият дорад.
6. Маснавии шашум, ки ба Хоҷуи Кирмонӣ нисбат дода мешавад, достони «Сомнома» аст. Таърихи таълифи ин манзума маълум нест. Бино ба тахмини Саид Нафисӣ, муаллиф ин достонашро шояд байни солҳои 732-742 ҳиҷрӣ суруда бошад, ки инҳо санаҳои таълифи «Ҳумой ва Ҳумоюн» ва «Гулу Наврўз» мебошанд.
Достони «Сомнома» ба вазни мутақориб гуфта шуда, яке аз силсилаи осорест, ки ба тақлид ва пайравии «Шоҳнома» – таълиф шудааст. Вай яке аз ҷолибтарин ва аз муҳимтарин афсонаҳои сиистонӣ буда, қаҳрамониҳои Сом, бобои Рустами Достонро дар бар гирифтааст.
девони хоҷу ва мундариҷаи он. Нусхаҳои девони Хоҷуи Кирмонӣ он қадар бисёр набошад ҳам, дар аксари китобхонаҳо ва фондҳои хаттии шарқии ҷаҳон маҳфуз аст.
Нахустин матни интиқодии девони Хоҷуро соли 1957 дар Теҳрон Аҳмад Суҳайлии Хонсорӣ таҳия кардааст. Аҳмад Суҳайлии Хонсорӣ матни интиқодии девони Хоҷуро дар зарфи чанд сол пухтакорона ба табъ расонд. Аз панҷ нусхаи дастнависе, ки тасҳеҳкунанда барои ин чоп истифода намудааст, яке дар соли 750 ҳиҷрӣ, яъне се сол қабл аз вафоти Хоҷу китобат шудааст.
Ин дастхат дар китобхонаи миллии Малики Хуросонии Эрон нигоҳ дошта мешавад. Аз байни нусхаҳое, ки дар ин чоп истифода шудааст, дастхатти куллиёти шоир низ қобили диққат будааст, ки дар соли 829 ҳиҷрӣ рўнавис шуда дар ҳамон китобхона маҳфуз аст. Ҳарчанд аз аввалу охири ин дастхат варақе чанд соқит аст, он нусха ба аҳамияти калон соҳиб аст, зеро мувофиқи маълумоти тасҳеҳкунандаи матни интиқодии девон тамоми осори манзум ва мансури шоир гўё дар ин дастхат мавҷуд будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё