Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соли вафот ва воқеаҳое, ки дар охири умри Хоҷу рўй додаанд, чандон равшан нест. Мувофиқи гуфтаи муаллифи «Хизонаи Омира», Қозӣ Аҳмади Ғаффорӣ дар китоби «Нигористон»-и худ охири ҳаёти Хоҷуро аз рўи «Таърихи Ҷаъфарӣ» баён намудааст, ки ин ҳар ду китоб ҳоло дастрас нест. Аз рўи гуфтаи ин муаллиф Хоҷуи шоир аз хабари подоше, ки Абўисҳоқ барои қасидаи мадҳияи ў дода будааст, гўё дилкаф шуда вафот ёфта бошад. Суҳайлии Хонсорӣ тамоман дуруст қайд намудааст, ки дар девони шоир чунин қасида, ки ба ин сана баробар ояд, мавҷуд нест. Аммо санаи 753, ки ҳамчун соли фавти шоир гўё аз рўи «Таърихи Ҷаъфарӣ» оварда шудааст, нисбат ба маълумоти тазкиранависони дигари баъдина шояд ба ҳақиқат наздик бошад.
Хоҷу дар Шероз дар Тали Танг, ки Аллоҳу акбар ном доштааст, дафн карда шуда будааст. Ба ин ҷиҳат ин байт низ машҳур гардидааст:

Тани Хоҷуи Кирмонӣ ба Шероз
18 Ба Танг афтодааст Аллоҳу акбар.

Эҷодиёти хоҷу. Хоҷуи Кирмонӣ яке аз пурмаҳсултарин устодони сухани форсу тоҷик аст. Вале куллиёти осори вай ҳеҷ гоҳ чоп нашудааст ва мундариҷаи он низ комилан таҳқиқ нагардидааст.
Эҷодиёти назмии Хоҷуи Кирмониро ба ду бахш тақсим кардан мумкин аст. Яке аз он бахшҳо – маснавиёти шоир, дигаре девони вай.
маснавиёти хоҷу. Дар таърихи адаби форсу тоҷик Хоҷу пас аз Хусрави Деҳлавӣ, дувумин сарояндаи достонҳои ишқӣ ва ахлоқӣ ва давомдиҳандаи суннатҳои Низомии Ганҷавӣ ба шумор меравад. Ба вай шаш маснавӣ нисбат дода мешавд, ки панҷтоашро «Хамсаи Хоҷу» унвон кардаанд. Мо дар ин ҷо маснавиҳоро мухтасаран зикр мекунем:

  1. Аввалин маснавии Хоҷу «Ҳумой ва Ҳумоюн» аст, ки муаллиф дар соли 732 ҳиҷрӣ (1332 мелодӣ) дар Бағдод ба поён расонидааст. «Ҳумой ва Ҳумоюн»
    ба вазни мутақориб (фаўлун, фаўлун, фаўлун, фаўл) – вазни «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ ва «Искандарнома»-и Низомии Ганҷавӣ нигошта шудааст. Ин маснавӣ дар мавзўи яке аз афсонаҳои бостонии Эронзамин буда аз ишқу муҳаббати пурмоҷарои Ҳумои Замини Ховарӣ – писари Шоҳ Ҳушанг бо Ҳумоюн – духтари Фағфури Чин ривоят мекунад.
    Хоҷуи Кирмонӣ дебочаи достонашро ба номи Султон Абўсаид Баҳодур ва вазири ў Ғиёсиддин Муҳаммад, аммо хотимаи маснавиро ба номи Тоҷиддини Ироқӣ ва Шамсиддин Маҳмуди Сонӣ ва писари вай Рукниддини Маҳдӣ бахшидааст.
  2. Дувумин маснавии Хоҷуи Кирмонӣ, ки пас аз даҳ соли таълифи «Ҳумой ва Ҳумоюн» сурудааст, достони «Гулу Наврўз» мебошад.
    Ин достон ба вазни ҳазаҷ (мафоӣлун, мафоӣлун, мафоӣл), ба «Хусраву Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ татаббўъ шудааст.
    Ин маснавӣ ҳам ба яке аз мавзўъҳои бостонӣ бахшида шудааст ва достони муҳаббати пурҷўшу хурўши Наврўз – писари Шоҳ Фирўзи Хуросонӣ бо Гул духтари қайсари Румро баён мекунад. Дар ин достон, Хоҷу, мисли маснавии нахустинаш, ривояти пур аз набарду мумонаатҳо, ҷасорат ва далериҳои қаҳрамононро бо маҳорати баланди шоирӣ ва қиссагўӣ оварда, пас аз ин душвориҳо ва моҷароҳо онҳоро ба висол мерасонад.
пешина
аз 235
навбатӣ