Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Хоҷу канори Даҷлаи Бағдод ҷаннат аст,
Лекин миёни хиттаи Табрез хуштар аст.
Аммо ин муддати кўтоҳи зиндагии шоир низ ба майли як нафар хоҷаи адабдўст вобаста буду бас. Баъди чанде, ки Озарбойҷонро талотуми ҷангу ҷидоли соҳибмансабон фаро гирифт, Хоҷу маҷбур шуд, ки боз ба раҳи ҷустуҷўи ҳомии нав афтад.
Зоҳиран, шоир дар Миср низ чанд гаҳе зиндагии мўътадилона мегузаронад:
Ман ки дар Миср чу Яъқуб азизам доранд,
Чи нишинам, зи паи Юсуфи Канъон биравам.
Хушҳолӣ ва дилбастагии шоир ба Миср низ бисёр тўл накашид. Вале ин муддати кўтоҳи зиндагии хуши ў бо қувваи назм ва иқтидори шоириаш сахт вобаста будааст. Ин ҷиҳати масъаларо худи Хоҷу хуб ҳис мекард ва дар ин бора навишта буд:
Чу чашми Хизр аз шеъри ман равонафзост,
Аҷаб мадор, ки он айни оби ҳайвон аст.
В-араш ба Миср чу Юсуф азиз медоранд,
Ғариб нест, ки авранги моҳи Канъон аст.
Ҳарчанд дар марҳилаҳои ҳаёти худ Хоҷу бо саркардагон ва ҳукмронони маҳалҳои мухталиф робита пайдо карда бошад ҳам, мисли шоҳ Абўисҳоқ шахсе дар байни ҳокимон набудааст, ки миёни ўву шоир ба ин андоза пайвастагӣ ва дўстии дутарафа ба вуҷуд омада бошад. Ин ҳам бесабаб набуд. Чӣ навъе, ки маълум аст, Абўисҳоқ марди донишманду фозил ва хуштабъ будааст. Хоҷуи Кирмонӣ аз қадршиносӣ ва эҳсону тақдирҳои Абўисҳоқ ба андозае муассир ва розӣ буд, ки дар осораш ўро борҳо ба некӣ ёд намудааст.
Хоҷуи Кирмонӣ як қитъае дорад, ки мутааллиқ ба соли 727 (1326-27) ҳиҷрӣ дар ситоиш ва марсияти Орпохон гуфта шудааст. Дар ин асос Аҳмад Суҳайлии Хонсорӣ ба хулосае меояд, ки то санаи мазкур шоир дар Табрез будааст ва пас аз он дар солҳои 738-739 (1338-39) ба ватани худ – Кирмон баргаштааст.
Ҳангоме шоир маснавии «Камолнома»-и худро ба охир мерасонд (744/ 1343), соҳиби фарзанд будааст. Номи фарзанди Хоҷу Муҷириддин Абў саиди Алӣ будааст, ки шоир дар хотимаи маснавӣ хотирнишон мекунад.
Хоҷу поёни умрашро дар ватани худ Кирмон ва Шероз гузаронида ва бештар вақташро ба мутолиа ва кори эҷодӣ сарф мекунад. Дар ин вақт Хоҷу хеле оҷизу нотавон шуда буд, зеро ба замми пиронсолагиаш устухони пояш ҳам шикаста будааст. Ин ҳолат шоирро хеле афгор ва мутаассир мекунад:
Дардо, ки шароби васл нохўрда бимонд
Хун дар танам аз дарди дил афсурда бимонд.
Пое, ки ба пўша по задӣ оламро
Аз дасти мани шикаста озурда бимонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё