Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Азми раҳил аз дилам ором бурд,
Мисрии килкам ба раҳи Шом бурд…
… Чун фалак аз роҳи Ҳиҷозам биронд,
Даври мухолиф ба Ироқам расонд,
Буд маро ҳамчу насими баҳор,
Ҳарзаравӣ дар шабу шабгир кор.
Гаҳ зи Аҷам сўи Араб тохтан,
Гаҳ ба Араб сози Аҷам сохтан.
Хоҷу дар бораи сафарҳои худ ва саёҳатҳои ҳаҷ дар асарҳои дигари худ, аз ҷумла дар рисолаи мансураш «Рисолат-ул-бодия» хеле батафсил истодааст.
Дар рисолаи зикршуда Хоҷу мегўяд: «Ба оҳанги Ҳиҷоз сози сафар сохтан ва
15 бо бузургони Ироқ аз роҳи Сипоҳон берун тохтан».
Аммо ҳатто азобу уқубати роҳҳои дуру дароз, кўтаҳдастӣ ва мўҳтоҷӣ Хоҷуро аз мақсад – сафари пурхатар баргардонда натавонист ва чӣ навъе, ки Аҳмади Хонсорӣ қайд кардааст «дар сафарҳо гоҳ аз ранҷи роҳ дар нола ва афғон буд ва замоне аз безарӣ зорикунон дар Ҷурун аз ташнагӣ менолид ва
16 дар Ҳамадон аз гуруснагӣ».
Ба ҳамин тариқ Хоҷу ҳарчанд дар тангдастӣ ва мўҳтоҷӣ зиндагӣ карда бошад ҳам, вай дар Шом, Байтулмуқаддас, Ҳиҷоз, Ироқ, Шероз, Бағдод, Ҷурун (номи вилоятест дар наздикии Ҳурмуз ва Бандари Аббос), Исфаҳон ва Ҳамадон буда ва зиндагонӣ кардааст.
Мусофирати Хоҷу 19 сол (аз соли 713 ҳиҷрӣ) тўл кашид, ниҳоят ў солҳои 738-739 ҳиҷрӣ (1338-1339) ба ватани худ – шаҳри Кирмон баргашт.
Нахустин достон, ки Хоҷу эҷод намуд, маснавии «Ҳумой ва Ҳумоюн» буд.
Санаи назмаш 732 ҳиҷрӣ – 1331 милодӣ аст. Дар ин вақт Хоҷу 43 сол дошт ва бо ашъори латифи обдораш маъруф гардид.
Хоҷу нахустин маснавии худ «Ҳумой ва Ҳумоюн»-ро дар соли 732 дар Бағдод ба охир расонд. Хоҷу ният дошт, ки зудтар онро ба султон Абўсаиди Элхонӣ расонад, вале аз ин миён чор сол гузашта ва султон дар Табрез вафот ёфта буд.
Шоир сахт навмед шуд, аммо дар ин миён як ҳодисаи дигар рўй дод, ки тақдири минбаъдаи роҳи шоирро ҳал кард. Дар ин ҳангом дар урдуи Элхон ва Орпохон (ҳокими он сарзамин Хоҷа Тоҷиддин Аҳмади Ироқӣ ном шахси бо эътибор ҳозир буд), ки ў бо Хоҷу сухан ронд ва ўро хоҳиш намуданд, ки аз «Ҳумой ва Ҳумоюн» порчаҳо хонад. Достон ба ҳозирон хеле писанд омад.
Аз ҷумла Шамсиддин Муҳаммад Қозӣ ва Рукниддин Амидулмулк бо ташвиқи Хоҷа Тоҷиддин Аҳмад ба Хоҷу бисёр таҳсин гуфтанд ва инъомҳо доданд. Аҳли маҷлис низ ўро ҳадяҳо доданд. Ин воқеаи ҳаёти худро Хоҷу дар маснавии худ, ки ба номи якчанд вазирони бомаърифат ба итмом расонидааст, меоварад.
Назми Хоҷуи шоир на танҳо дар чунин як мавриди тасодуфӣ писандида шудааст, балки дар бисёр шаҳрҳое, ки дар солҳои сафар ва ғурбат истиқомат кардааст, қобили қабул гардид. Ба ин муносибат чанд ишорате дар ғазал ва қитъаҳои шоир мавҷуд аст, ки аз хушӣ ва ёди неки баъзе солҳои ҳаёти шоир дар баъзе шаҳру диёр шаҳодат медиҳанд. Чунончи, дар бораи давраи зиндагии худ дар шаҳри Табрез, ки ба замони ҳукмронии Ғиёсиддин Муҳаммад баробар меояд, ў навиштааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё