Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Падари шоир Алӣ ибни Маҳмуд ном дошта, гўё аз бузургони шаҳри Кирмон будааст, ки номи фарзанди худро Маҳмуд, кунияташро Абулато ва лақабашро Камолиддин гузошта будааст. Шоир соли 689 ҳиҷрии қамарӣ (1290 мелодӣ) ба дунё омадааст.
Овони кўдакӣ ва ҷавонии Хоҷу дар зодгоҳи ў – шаҳри Кирмон гузаштааст.
Аз рўи ашъор ва мундариҷаи он ҳукм кардан мумкин аст, ки Хоҷу аз ибтидои зиндагониаш ба назм ва илми адаб завқи баланд доштааст, аксари улуми даврони худ – илми шеър, фалсафа, илоҳиёт, мантиқ, нуҷум, таърих, тасаввуф ва ғайраро хеле хуб ва бо ҷаҳду кўшиш аз худ кардааст. Хоҷу дар баъзе байтҳои худ Кирмонро ба некӣ ва сухани хуш ба ёд меорад. Аммо аҳволи маишии Хоҷу дар Кирмон ҳамоно хуб набудааст, ки ин яке аз сабабҳои орзуи аз Кирмон ҳиҷрат кардани ў бояд бошад. Чунончи, ў навиштааст:

Чу дар ин марҳала Хоҷу асари ганҷ наёфт,
Тарки ин манзили вайрон накунад, чун накунад.

Ва боз:

Хуррам он рўз, ки аз хиттаи Кирмон биравам,
Дилу ҷон дода зи даст аз паи ҷонон биравам.
Ҳамчу Хоҷу гарам аз ганҷ насибе надиҳанд,
Рахт бар бандаму з-ин манзили вайрон биравам…

Ва боз:

Зи хона ҳеҷ нахезад, сафар гузин Хоҷу,
Ки шамъи дил бинишонд он, ки дар ватан биншаст.

Аз ҳамин вақт Хоҷу ба фикри сафар ва саёҳат меафтад, то барои касби камол бо уламо ва фузалои давр робита пайдо кунад. Баъдтар дар маснавии «Равзат-ул-анвор» ў навишта буд:

Ман, ки гул аз боғи фалак чидаам, Чор ҳади мулку малак дидаам.
… Дар сарам афтод ҳавои сафар В-омадам аз хонаи сурат ба дар…

Нахустин шаҳре, ки ў қарор мегирад, Шероз буд. Дар Шероз чанд вақт зиндагӣ карда, аз сўҳбати донишмандони фозил, адибон ва олимони комил ў баҳравар гардид. Ниҳоят, дере нагузашта, ба Козирун, ба ватани орифи аллома Шайх Аминиддин Муҳаммад Козирунӣ кўчида омад. Дар ин ҷо шоир орифи Козируниро пири худ қарор дод.
Аммо фикру орзуи сафар ва саёҳат Хоҷуро осуда намегузошт ва барои ба мақсад расидан азми маҳкаме дошт. Дар ин бора дар «Равзат-ул-анвор»
навиштааст:

пешина
аз 235
навбатӣ