Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Дертар Иброҳим Бурҳони Озод бо 36 муаммои шоир, ки онҳо дар девон бе ҷавоб оварда шудаанд, машғулият намуда, беш аз 50 муамморо ҳал карда дар «Паёми навин» чоп намуд, ки ин низ як иқдоми навест дар роҳи омўхтани
9 эҷодиёти Хоҷу.
Дар Иттиҳоди Шўравӣ асари алоҳидаи ба Хоҷу бахшида то солҳои охир ба вуҷуд наёмада буд. Аввалин асаре, ки дар он аз осори Хоҷу сухан мерваад, феҳристи таърихшиноси марҳум А.А.Семёнов мебошад. Муаллиф дар феҳрист ду нусхаи маҷмўаи ашъор, ду нусхаи девон, як дастнависи «Наврўзу Гул» ва «Ҳумой ва Ҳумоюн» ва як дастнависи «Камолнома», «Гавҳарнома» ва «Ҳумой
10 ва Ҳумоюн»-и шоирро аз фонди АУ Ўзбекистон тавсиф кардааст. Вале дар масъалаи омўхтани баъзе ҷиҳати осори Хоҷу қадамҳои аввалинро донишманди маъруфи мо Е.Э.Бертелс гузоштааст. Ў дар зимни тадқиқ намудани «Махзанул-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ бисёр назирагўёни онро ном бурда, ба «Равзатул-анвор»-и Хоҷу эътибори махсус медиҳад. Муҳаққиқ ишора кардааст, ки ҳикояҳои ҳаштум, нўҳум, сездаҳум, ҳафтдаҳуми маснавии Хоҷу бо ҳикояти
11 достони Низомӣ ҳамоҳангии қавӣ доранд. Маснавии Хоҷу беҳтарин назираи «Махзан-ул-асрор» маҳсуб гардида, ба шуарои дигари баъдина низ таъсири худро гузоштааст. Дар ин бобат Е.Э.Бертелс қайд мекунад, ки дар «Махзанул-асрор»-и муаллифи қарни XV Мирҳайдари Маҷзуби Ҳиротӣ (ба забони туркии ўзбекӣ наишта шудааст) на танҳо таъсири достони ҳамноми Низомии Ганҷавӣ, балки пайравӣ намудани ин шоир ба «Равзат-ул-анвор», ба ҳар ҳол ниҳоят наздик будани боби савумаш ба боби чаҳордаҳуми достони Хоҷуи Кирмонӣ тамоман равшан ва ошкор аст.
Дар солҳои охир бо мақсади муайян намудани сарчашмаҳои маснавии «Гулу Наврўз»-и Лутфӣ (асри XV), адабиётшиноси ўзбек Э.Р.Рустамов ба достонҳои ҳамноми Хоҷуи Кирмонӣ ва Ҷалоли Табиб аз нуқтаи назари
12 муқоясаи онҳо муроҷиат намудааст. Аммо масъалаи таъсири мусбати Хоҷуи Кирмонӣ ба Лутфӣ ва Алишери Навоӣ соли 1964 дар маҷаллаи илмии АУ Ўзбекистон, «Узбек тили ва адабиёт» (№6) аз тарафи Т.Аҳмадов ба миён гузошта шуда буд.
Нависандаи ин сатрҳо дар зарфи чандин солҳо дар мавзўи эҷодиёти Хоҷуи Кирмонӣ ва мавқеи ин суханвар дар достонсароӣ дар қарни XIV таҳқиқот мебарад. Як қисми ин ҷустуҷўҳои илмӣ дар ду ҷилди мустақили матни илмӣ-интиқодии ҷолибтарин достонҳои ишқии Хоҷуи Кирмонӣ – «Ҳумой 1314 ва Ҳумоюн» ва «Гулу Наврўз», инчунин дар чанд мақолаи дигар қисман инъикос ёфта, дар солҳои 1968-1972 ба манзури аҳли илм ва хонандагон тақдим гардидааст.
Ба ҳамин тариқ, эҷодиёти ғании Хоҷуи Кирмонӣ акнун нисбатан омўхта шудааст ва мешавад гуфт, ки шўҳрати сухангўии ў дар мамолики Шарқу Ғарб ва собиқ Иттиҳоди Шўравӣ диққати аҳли илм ва адабро ҷалб намудааст.
Муаллифони китобҳои бадеӣ ва таърих дар бораи Хоҷуи Кирмонӣ то
ба замони мо маълумоти зиёди мухталиф расонидаанд. Аксари маълумоти
«Тазкираи майхона»-и Мулло Абдуннабии Қазвинӣ, «Ҳабиб-ус-сияр», тазкираи «Сафинаи хушгў», «Кашф-уз-зунун», «Ҳафт иқлим» ба ҳам наздик бошанд ҳам, байни онҳо ихтилофи зиёде дида мешавад. Вале хушбахтона Хоҷуи Кирмонӣ дар осори худ баъзе лаҳзаҳои асосии ҳаёт ва ҷараёни зиндагии худро зикр кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё