Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

хоҷуи кирмонӣ (рўзгор ва осор) Эҷодиёти Хоҷуи Кирмонӣ тақрибан аз солҳои 50-уми асри XIX диққати муҳаққиқонро ҷалб намуда омадааст. Тартибдиҳандагони феҳристҳо, монанди Блоше, Дорн, Рё, Браун, Фабритсио ва ғайра дар феҳристҳояшон тавсифи нусхаҳои хаттии девон ва маҷмўаҳои маснавиёти Хоҷуро мухтасаран баён намудаанд. Дар ин кутуб, ҳамчунин дар тазкираҳо баъзан маълумоти носаҳеҳ оварда шуда, гоҳо санаҳои ҳаёт ва таълифоти шоир иштибоҳан зикр ёфтааст.
Аз мусташриқини аввалине, ки бевосита ба эҷодиёти шоир дахл намудаанд,
1 Ф.Эрдман мебошад. Дар мақолаи ў баъзе маълумоти нисбатан батафсиле оварда шуда бошад ҳам, кори ў аз иштибоҳоти зиёд холӣ нест.Эрдман тавсифи нусхаи «Хамса»-и шоирро, ки он вақт дар шаҳри Қазон нигоҳ дошта мешудааст, инчунин нақли мухтасари мундариҷаи «Наврўзу Гул» ва «Ҳумой ва Ҳумоюн»-ро низ дода буд. Дар бораи Хоҷу баъзе қайдҳои ҷудогона дар кутуби дигар ховаршиносони Аврупо – Шефер, Питсси ва ғайра низ оварда шудааст. Аз шарқшиносони рус А.Кримский Хоҷуро дар силсилаи шуарои Табрезу Шероз ёд намудааст. Вале ў ҳам бо зикри мухтасари маснавиҳо ва девони шоир, инчунин бо овардани маълумоти библиографии мавҷуда қаноат
2 карда буд. Э.Браун дар «Таърихи адабии Эрон» – барои Хоҷуи Кирмонӣ
3 як қисми мустақилеро тахсис намуда, ба ғайри маълумоти тарҷумаиҳолии Хоҷу дар бораи як қисми иштибоҳоти Эрдман таваққуф намуда, мундариҷаи «Хамса»-и Хоҷуро зикр кардааст. Баъди ин дар чанд китоби умумии роҷеъ ба адабиёти форсӣ номи Хоҷуи Кирмонӣ бурда шудааст, вале муаллифон аз доираи маълумоти китоби Браун кам берун баромадаанд ва ё баъзан вобаста бо таҳлили масоили алоҳидаи адабиёти форсӣ ба эҷодиёти ин шоир дахл намудаанд.
4 Шиблии Нўъмонӣ дар «Шеър-ул-Аҷам» дар зимни таҳқиқи ғазалсароӣ ба ғазалиёти Хоҷу дахл кардааст. Вале муҳокимаи ин муаллиф дар бораи Хоҷу танҳо ба масъалаи равшан намудани муносибати эҷодии Ҳофиз ва Хоҷу мебошад.
Шарҳи ҳоли мухтасари Хоҷу, ки ба қалами Ҳусайн Масрур навишта шуда, дар чопи «Равзат-ул-анвор»-и шоир ба сифати дебочаи китоб дарҷ
56 ёфтааст. Рисолачаи марҳум Саид Нафисӣ ба унвони «Нахлбанди шуаро»
баёни маълумоти тазкираҳо ва шарҳи ҳоли Хоҷуро шомил аст. Дар қисми боқимондаи он намуна ва порчаҳои маснавиҳои шоир дода шудааст.
Дар солҳои чиҳил китоби донишманди эронӣ Муҳаммад Муин «Нуктадоне базлагў чун Ҳофизи ширинсухан» нашр шуд, ки дар қисми сеюми он «Муосирини Хоҷа аз шуаро» пас аз овардани маълумоти тарҷумаиҳолии Хоҷу ва аз эҷодиёти ў сухан рондан, ба масъалаи робитаи эҷодии ин ду шоир
7 гузашта, ба матлаби услуб низ фикрронӣ кардааст.
8 Дар соли 1957 девони комили Хоҷуи Кирмонӣ аз чоп баромад. Ин девон дар асоси нусхаи замони шоир ва чанде нусхаҳои мўътабари дигар ба табъ тайёр шуд, ки ин барои равшан намудани асолати бисёр ғазалҳои Хоҷу ёрӣ мерасонад. Илова бар ин, ношири китоб Аҳмад Суҳайлии Хонсорӣ дар муқаддимаи худ санаде аз маълумоти тозаи тарҷумаиҳолӣ оварда, инчунин ба масъалаи Хоҷу ва робитаи эҷодии вай бо Ҳофиз ва Саъдӣ ва муайян намудани муосирони шоир, ки дар қасоиди ў зикр ёфтаанд, хело диққат кардааст.

пешина
аз 235
навбатӣ