Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Агар дар ҳақиқат «Рўшноинома» ҳангоми дар саёҳат будани шоир навишта шуда бошад, мо метавонем эътироф кунем, ки шояд маснавии мазкур дафъаи дувум дар Юмгон бо қалами Носир таҳрир гардидааст. Зеро, чунон ки мо зикр намуда будем, шоир дар «Рўшноинома»-и худ мегўяд:
«Зи Ҳуҷҷат ин суханро ёд медор,
68 Ки дар Юмгон нишаста подшаҳвор».
Ба фикри мо, ин байт равшан нишон медиҳад, ки таълифи маснавӣ дар Юмгон шудааст, ҳеҷ набошад дар Юмгон аз тарафи муаллиф дубора таҳрир ёфтааст.
«Рўшноинома»-и мансур, ки дар соли 1948 В.Иванов нашр намудааст, баъзе қисмҳои барои мо хеле аҳамиятнокро надорад (масалан, «Дар мазаммати шуаро», «Дар мазаммати ғаммозон» ва ғайра), ки дар «Рўшноинома»-и манзум мавҷуданд. Ин ҳаминро нишон медиҳад, ки рисолаи номбаршуда агар дар ҳақиқат аз тарафи худи Носири Хусрав таълиф шуда бошад, бо қалами муҳаррирони тамаъкор таҳриф ёфтааст. Ба иддаои ин ки маснавӣ дубора таҳрир ёфтааст дигар хусусиятҳои худи матни табъгардидаи «Рисолаи шаш фасл» ҳам шаҳодат медиҳанд: дар нашри «Рисола» баъзе хусусиятҳои талаффузии котиб ё муҳаррири он инъикос ёфтааст. Чунончи, ба ҷои якдигар кор фармудани
69 овозҳои ҳамсадо ва садонок, консонантизм: рўшноҳӣ – рўшноӣ, ҷудоҳӣ 7071
– ҷудоӣ, ки ин хусусиятҳои талаффузӣ барои тоҷикони Бадахшон хос аст.
Ғайр аз ин, боз чанде хусусиятҳои дигари нашри мазкури «Рисолаи шаш фасл»- ро низ бояд қайд намоем: ба ҷои бандаки феъли шахси III «ад» кор фармудани
72 «а», масалан: «ранҷа» ба ҷои «ранҷад», кор фармудани «ўро бубина» ба ҷои
73 «ўро бубинад» ва ғайра.
«Рўшноинома»-и мансур аз шаш фасл иборат аст. Бо диққат шиносо шудан бо ин рисола чунин тасаввур пайдо мекунонад, ки он дастури хоси фалсафаи мазҳаби исмоилӣ мебошад.
Қисми калони «Рушноинома»-и манзум масъалаҳои фалсафӣ-метафизикии оид ба коинотро низ дар бар мегирад. Маснавии дувум «Саодатнома» бошад, бештар ба масъалаҳои зиндагии дунёӣ бахшида шудааст ва аз ин сабаб барои омўхтани афкори ҷамъиятии асри XI аҳамияти калон дорад.
Дар ҳолате, ки баъзе аз котибон ва муҳаррирон «Рўшноинома»-и Носири Хусравро таҳриф намуда, «Рисолаи шаш фасл»-ро дар сурати ҳозирааш тартиб додаанд, ки дар натиҷаи ин сохтакорӣ бахшҳои танқидии тезу тунди асли он хориҷ карда шудааст, «Саодатнома»-и шоирро мекўшанд аз доираи таълифоти Носири Хусрав тамоман берун кунанд. Чунончи, ноширони девони Носири
74 Хусрав Тақизода ва Минавӣ тарафдори ҳамин фикр ҳастанд. Иванов бошад
75 «Саодатнома»-ро таснифи яке аз шогирдони Носир эълон мекунад. Дар хусуси асари Носир будан ё набудани «Саодатнома» ҳоло мо фақат ҳаминро гуфта мегузарем, ки дар поёни маснавии мазкур дар боби «Дар хатми китоб»
муаллиф номи худашро қайд кардааст:
Бикун дар гўш, к-ин дурри самин аст,
Ҳадиси Носир ибни Хусрав ин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё