Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Ношири мазкур М.Ғанизода нашри худро ба асоси нусхаи чопкардаи Ҳ.Эте гузошта, корҳои дар ин соҳа
47 кардаи шарқшиносонро ҷамъбаст кардан мехоҳад. Инчунин «Рўшноинома»
ва «Саодатнома» дар Эрон дар якҷоягӣ бо девони шоир ба шакли куллиёти
48 ашъори ў чоп шудаанд.
Дар соли 1930 «Рўшноинома»-ро проф. А.А.Семенов дар асоси як даст- 4950 нависи Помир бо муқаддимаи муфассали худаш чоп намудааст. Ди гар, «Рўшноинома»-и мансуре дар соли 1948 аз тарафи В.Иванов нашр гар ди-
51 дааст.
52 «Саодатнома» нахустин бор дар соли 1880 аз тарафи Э.Фанян бо тар - ҷумаи франсавии вай нашр шудааст, ки ин давоми кори Ҳ.Эте ҳисоб ме ша-
53 вад.
54 Ҳамин тариқ, чӣ тавре ки дида мешавад, аҳли таҳқиқ асосан бо тарҷума, тавзеҳот ва нашри «Рўшноинома» ва «Саодатнома» машғул шудаанд.
Нашри оммавии маснавиҳои манзуми Носир ба чоп шудани китобҳои 5556 «Намунаҳои адабиёти тоҷик» ва «Антологияи назми тоҷик» алоқаманд мебошад, ки дар ин китобҳо беҳтарин ашъори шоир дарҷ гардидаанд.
Таълифоти Носири Хусрав «Саодатнома» ва «Рўшноинома» шаклан рисолаҳои пандомўзӣ буда, мазмунан аз мавзўъҳои ахлоқии рўзгор сар карда, то фалсафаи оламро («Рўшноинома») дар бар мегиранд.
Дар якҷоягӣ ҳар ду маснавии Носир бештар аз ҳазор байт буда, «Са-
57 одатнома» ба 30 ва «Рўшноинома» ба 32 бахш тақсим шудаанд. Ғайр аз ин, маснавии дувум, яъне «Рўшноинома» аз ҷиҳати ҳаҷм ду баробари «Саодатнома» аст ва «Ифтитоҳ»-и пандомўзие дорад, ки аз 324 мисраъ иборат аст.
58 Ин «Ифтитоҳ» фақат дар нашри Эте, Ғанизода, Тақизода мавҷуд аст.
59 Маснавиҳои мазкур дар баҳри ҳазаҷ манзум шудаанд ва ҳама бахш-
60 ҳояшон номҳои махсусе доранд.
Дар бораи соли таълифи «Рўшноинома» фикрҳои тадқиқотчиён мухо- 6162 лифанд. А.А.Семёнов ва Э.Браун майл доранд, ки тахмини Этеро тарафдорӣ намоянд, ки ба фикри ў маснавии мазкур дар марти соли 1049 (440 ҳ.) таълиф 6364 шудааст. Ношир Ғанизода ҳам ҳамин санадро қабул кардааст. Инчунин мувофиқи фикри Ҳ.Эте «Рўшноинома» аз тарафи Носири Хусрав ду дафъа
65 (дар Қоҳира ва Помир) кор карда шудааст. Ин мулоҳизаро В.Иванов рад
66 мекунад. Ў соли 440-ро, ки аксари тадқиқотчиён соли таълифи ин мас навӣ (дар Қоҳира) мешуморанд, рад карда мегўяд: «Ҳеҷ кадом аз нусхаҳои маълум дар ҳақиқат дорои ин сана нест ва, албатта, суоле ба миён меояд, ки дар Қоҳира
67 маснавӣ ба забони форсӣ барои кӣ муқаррар карда мешуд». Ин муаллиф майл дорад, ки соли 444-ро санаи таълифи «Рўшноинома» шуморад.
Ба ҳамин тариқ, чӣ санаи аввал (440 ҳ.) ва чӣ санаи дувум (444 ҳ.), ки ба соли таълифи «Рўшноинома» нисбат дода мешаванд – ҳар ду ҳам санаи тахминианд. Аммо бояд қайд намоем, ки ҳарчанд Носир «Рўшноинома»-ро дар Қоҳира таълиф намуда бошад ҳам (чунон ки аксари аҳли таҳқиқ ақида доранд), барои кӣ навишта шудани ин маснавӣ хеле хуб маълум аст, ки ин масъаларо В.Иванов ба таври суол мегузорад. Носири Хусрав барои саёҳат аз ватанаш берун рафта буд ва чӣ навъ, ки қайдҳояш шаҳодат медиҳанд, ҳеҷ вақт намехост, ки аз халқ ва ватани худаш тамоман ҷудо шавад. Аз ин ҷиҳат, айёме ки ў дар саёҳат буд, шоир метавонист «Рўшноинома»-и худро ба забони модарии худ, яъне ба забони форсии тоҷикӣ, на ин ки ба ягон забони дигар таълиф намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё