Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
«Зод-ул-мусофирин» («Тўшаи мусофирон») ва «Ваҷҳи дин» китобҳоеанд оид ба фалсафа ва илоҳиёт.
«Зод-ул-мусофирин», чунон ки худи Носир дар ҳамин китоб қайд кардааст,
26 дар соли 1061 (453) таълиф ёфтааст. Ин асарашро шоир дар девонаш борҳо номбар кардааст, ки ҳамаи инҳо ба таълифи Носир будани «Зод-ул-мусофирин»
гувоҳӣ медиҳанд:
«Зод-ул-мусофирин» аст яке ганҷи ман,
27 Наср ончунону назм аз ин сон кунам...
Ё дар ҷои дигар:
Зи таснифоти ман «Зод-ул-мусофир»
28 Ки маъқулотро асл асту қонун...
«Ваҷҳи дин»-и Носир масъалаҳои ақидаи мазҳаби исмоилиро дар бар гирифтааст. Абулмаолӣ Муҳаммад ибни Убайдулло муаллифи «Китоби баёнул-адён» (таълифаш дар соли 485 (1092/3)) таълифи Носир будани «Ваҷҳи
29 дин»-ро тасдиқ менамояд. Тарҷумаи порчаҳои «Ваҷҳи дин» ва мундариҷаи
30 онро А.А.Семёнов солҳои 1915-1923 нашр намудааст. Соли 1924 ин китоб
31 дар Берлин чоп шуд, ки ба асоси он ду дастнавис гузошта шудааст. Чор дастнависи барои чопи «Ваҷҳи дин» ҷалб карданашуда мавҷуд аст, ки дутои он 323334 дар Санкт-Петербург, яке аз он дар Душанбе ва яки дигараш дар Лондон нигаҳ дошта мешавад.
«Кушоиш ва раҳоиш» - чӣ навъе ки Саид Нафисӣ дар муқаддимаи чопи ин
35 китоб далел меоварад, асари худи Носири Хусрав аст ва зоҳиран ҷавоби шоир
36 ба сӣ суоле, ки ба вай дода буданд, мебошад «Кушоиш ва раҳоиш»-ро Саид Нафисӣ дар асоси як дастнависи қабл аз соли 804 ҳ. (1401-1402) китобатшуда
37 чоп кардааст.
Аз асарҳои мансури Носири Хусрав боз «Хон-ул-ихвон»-ро, зикр мекунем,
38 ки дар он номи «Кушоиш ва раҳоиш»-и шоир ду дафъа қайд шудааст.
Дигар таълифоти зиёде (наср) мавҷуд аст, ки ба Носири Хусрав нисбат дода мешавад, вале то имрўз ба Носири Хусрав мансуб будани онҳо тадқиқ ва
39 муайян карда нашудааст.
Девони ашъор. Носири Хусрав ду девон доштааст, ки яке арабӣ ва дигаре
40 тоҷикист. Девони арабии ў то ба замони мо нарасидааст. Қисми асосии девони форсӣ-тоҷикии шоирро қасидаҳои фалсафӣ ташкил менамоянд. Дар девон
41 ахбори зиёди тарҷумаиҳолии шоир ҳам ҳаст. Девони Носир дар чопи Теҳрон дорои 259 қасида аст. Аммо ба таснифи шоир будани як қисми ин ашъор шубҳа
42 кардан мумкин аст. Барои ҳамин ҳам тадқиқи мукаммали девони шоир ҷалб
43 намудани дастнависҳои қадими мўътамадро талаб мена мояд.
Маснавиҳои Носири Хусрав «Рўшноинома» ва «Саодатнома» якчанд бор чоп шудаанд.
Аввалин дафъа «Рўшноинома»-ро дар солҳои 1879-80 дар асоси се даст-
44 нависи дар китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон буда, шарқшиноси немис Ҳер-
45 ман Эте ба тариқи назм тарҷума ва нашр намудааст. Дар соли 1922 «Сафарнома», «Саодатнома» ва «Рўшноинома» дар як ҷилд дар нашриёти «Ковиёнӣ» аз тарафи М.Ғанизода чоп шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё