Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоир, ки дар Юмгон раҳоӣ ёфта буд, имкон пайдо кард, ки боз бо корҳои эҷодӣ машғул шавад.
Аксари осорашро Носири Хусрав дар Юмгон навиштааст, ки онҳо ўро ба сафи беҳтарин намояндагони адабиёт ва фалсафаи асрҳои миёнаи форс-тоҷик овардаанд.


Эҷодиёти шоири файласуфи тоҷик – Носири Хусрав васеъ ва гуногун аст.
Дар осори худ ў аз масъалаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ то ба фалсафаи коинот ва илоҳиёт сухан карда, фикрҳои худашро баён кардааст. Масъалаҳои зиёде ҳаст, ки ҳалли онҳоро Носири Хусрав бо мазҳаб алоқманд кардааст.
Аҳамияти Носири Хусрав дар таърихи халқи тоҷик, пеш аз ҳама, иборат аз он аст, ки ў акскунонандаи талаботи фикрии гурўҳҳои меҳнатии халқ дар асри XI мебошад. Ин алоқамандӣ дар он аст, ки шоир ҳаёти худро бо гурўҳҳои меҳнатии ҷамъият пайвастааст ва дар бораи онҳо фикрҳои тараққипарварона ифода намудааст. Ин фикрҳои ў бо меҳнат ва донишпарварӣ, одамдўстии шоир ва ғайра ифода ёфтааст.
Тамоюли халқпарварии шоир инчунин дар танқид намудани ў табақаҳои ҳукмрони феодалиро инъикос ёфтааст. Ин танқид барои давраи худи шоир хеле тезу тунд ва моҳирона буда, хунхории гурўҳҳои истисморкунандаи феодалиро нағз фош кардааст.
Маҳдудият дар ақида ва мулоҳизаҳои шоир аҳамияти ўро барои адабиёт ва афкори ҷамъиятии асри XI тоҷик мекоҳонад. Аммо Носири Хусрав дар таърихи адабиёти тоҷик мавқеи воло дорад. Маълум аст, ки мавқеи таърихии шоирро он муайян мекунад, ки ў дар давраи худ бо эҷодиёташ чанде аз масоили навро ба адабиёт дохил кардааст. Ин навовариҳо дар осори адабии Носир дар навбати аввал аз танқиди замон, шоҳон ва дигар намояндагони синфи ҳоким, аз мазаммати шоирони маддоҳ, соҳибдавлатон ва аз васфи косибон, деҳқонон ва умуман гурўҳҳои меҳнатии ҷамъият иборат мебошад, ки онро шоир бо ҷиддияти том, ошкоро ва ҷасурона гузоштааст. Инак, аҳамияти эҷодиёти Носири Хусрав барои таърих, пеш аз ҳама, дар ҳамин аст.
Осори боқимондаи Носири Хусрав хеле бузург буда, ҳанўз хуб омўхта нашудааст. Муҳаққиқини эҷодиёти Носир асосан ва бештар бо кашф ва нашр кардани асарҳои шоир маҳдуд шудаанд. Аммо осори ин мутафаккир дар дасти котибони гуногун хеле таҳриф ёфтааст. Ин вазъият омўхтани эҷодиёти шоирро боз ҳам мушкилтар мекунад. Осори зиёди фалсафӣ, динӣ, бадеӣ мавҷуд аст, ки эҷоди онҳо ба ин мутафаккир нисбат дода шудаанд. Муайян намудани таснифоти аслии худи Носир тадқиқи дуру дарозеро талаб менамояд, ки дар натиҷаи он шакку шубҳаҳои мавҷуда бояд бартараф карда шаванд.
Дар поён мо асарҳои асосии Носири Хусравро номбар мекунем:
«Сафарнома» баёни саёҳати дар мамлакатҳои Шарқ кардаи шоир аст, ки дар он муаллиф ахбори зиёди ҷуғрофӣ ва таърихии ба кишварҳои дидааш дахлдорро медиҳад. Ҳарчанд ба таълифи худи Носир будани «Сафарнома»
24 шубҳае набошад ҳам, ба назари баъзе аз аҳли таҳқиқ чунин менамояд, ки ин китоб пас аз асри XV бояд таҳрир ва ихтисори ҷиддӣ шуда бошад, ки баъди ин дар сурати имрўзааш дастраси мо гардидаасг.

пешина
аз 235
навбатӣ