Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дере нагузашта аз ин хидмат ва муҳити дарбор ў дилгир мешавад ва аз баҳри молу
16 мулкаш гузашта ба саёҳат мебарояд.
Носири Хусрав аксари кишварҳои Шарқро дидааст, ҳаёт ва зиндагии табақаҳои ҳархела, сохти давлатии феодалиро бо тамоми гуногунии ў дида ва хуб омўхтааст. Ҳамаи инҳо барои ташаккули ақидаҳои ҷаҳонбинии ин мутафаккир таъсири худро гузоштаанд.
Дар муддати сафари ҳафтсолааш Носири Хусрав Озарбойҷон, Осиёи Хурд, Сурия ва Ҳиҷозро саёҳат кардааст, чор дафъа дар Макка ва се дафъа дар Миср будааст.
Дар Миср, ки ў собиқ пайрави мазҳаби исмоилӣ буд, боз ба мазҳаби исмоилия дилбастагии бештар пайдо мекунад. Баъд бо мақсади тарғиби ақидаи мазҳаби исмоилӣ Носири Хусрав ба Балх бармегардад.
Дар асри XI, ҳангоме, ки дар Мовароуннаҳр ва Хуросон феодализм тараққӣ меёфт, аҳамияти дини ислом хеле бузург буд.
Дини исломи расмӣ ҳамаи соҳаҳои муносиботи ҷамъиятиро фаро гирифта буд.
Ҳуҷумҳои шоир ба амалдорони салҷуқӣ, ба низомоти дини расмии исломӣ, ки бидъат ва илҳод дар масъалаҳои илоҳиёт ҳисоб мешуд, ранги зиддифеодалӣ дошт. Барои ҳамин буд, ки уламои исломӣ ва дигар арбобони дини расмӣ ҳамчунин давлатдорони маҳаллӣ ба фаъолиятҳои Носир муқобалат карда,
17 ўро «кофир» эълон кардаанд. «Дўзахӣ ва кофир» шудани шоир бошад бисёр касонро ба ў душман кард:

18 Бе гуноҳе шуда ҳамвора бар ў душман
19 Турку тозию ироқию хуросонӣ.

Ба ҳамин тариқ, Носири Хусрав ҳамчун набардгар бар зидди давлати феодалии маҳалӣ, ошўбгар ва дифоъгари ҳуқуқи табақаҳои норозӣ бо фишори Салҷуқиён ва уламо аз хоки давлат берун карда шуда буд. Дар бораи аз Хуросон ронда шуданаш худи Носири Хусрав чунин гуфтааст:

20
Турконаш биронданд аз Хуросон.
На мири Хуросон писандад ўро,
21
На шоҳи Сиҷистон, на мири Хатлон..

ё Таъна чӣ занӣ маро бад-он к-ам
22 Аз хона биронданд аҳли исён.

Бо душвориҳои зиёде ба тариқи пинҳонӣ Носири Хусрав аз Хуросон
ба Мозандарон фирор мекунад. Вале дар он ҷо ҳам ба ў осудагӣ муяссар
намешавад. Шоир, ки боз ўро таъқибаш мекарданд, ба оворагиҳои бисёре
гирифтор мешавад. Охир дар Бадахшони Помир мардуми кўҳистон Носирро
паноҳ медиҳанд ва ў ба ин восита аз марг наҷот меёбад. Ҳамаи боқимондаи
умри пурмашаққаташро (вафоташ дар с. 1088) Носири Хусрав дар Юмгон ном ғори кўҳистони тоҷикнишин гузаронидааст.

пешина
аз 235
навбатӣ