Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо ҷамъоварии чунин маълумот роҷеъ ба Носири Хусрав аввал Шефер дар муқаддимаи нашри «Сафарнома»-и шоир, баъд Эте ва бештар шарқшиноси
10 англис – Эдуард Браун ва Маҳмуд Ғанизода, ки ба ин масъала муқаддимаи 23- саҳифагии нашри якҷилдаи «Сафарнома», «Рўшноинома» ва «Саодатнома»-
11 ро тахсис кардааст, машғул шудаанд. Вале муқаддимаи Маҳмуд Ғанизодаро 1213 фақат дар баробари тақризи проф. А.А.Семёнов ва мақолаи С.Улуғзода хондан беҳтар аст, ки онҳо иштибоҳоти ўро нишон додаанд.
Ғайр аз ин, дар радифи муаллифоне, ки бо ҷамъоварии маълумоти тарҷумаиҳолии Носири Хусрав машғулият доштаанд, Саид Ҳасан Тақизодаро ҳатман номбар кард. Зеро ў чунин маълумотро нисбатан бештар ҷамъ оварда, дар муқаддимаи муфассали барои нашри девони шоир навиштааш нақл
14 намудааст.
Маълумоти тарҷумаиҳолии Носири Хусрав инчунин дар асарҳои тад қиқотчиёни замони нав ва дар китобҳои дарсии адабиёти тоҷик дида мешаванд.
Дар ин асарҳо фактҳо асосан аз таснифоти худи шоир ҷамъ карда шуда, бештар ба масъалаҳои иҷтимоӣ аҳамият дода шудааст.
Дар шарқшиносӣ нисбат ба Носири Хусрав ва эҷодиёти ў ду нуқтаи назар мавҷуд буд. Баъзе аз муаллифон Носири Хусравро фақат ҳамчун яке аз арбоби рўҳонии исмоилия тасаввур намуда, осори ўро низ аз он доира берун намебароварданд. Гурўҳе аз тадқиқотчиён дар симои Носири Хусрав шоир ва мутафаккири асри XI-ро мебинанд, ки ў дар таърихи адабиёти форсу тоҷик мақоми волои махсусеро дорост. Баробари ҳамин адабиётшиносии имрўзаи тоҷик маҳдудияти таърихӣ ва иштибоҳоти амалиеро, ки Носири Хусрав дошт, боиси нумўҳои ба ҳам зидди эҷодии шоир мешуморад.
Шоир ва мутафаккири машҳури асри XI Абўмуиниддин Носири Хусрав дар соли 1004 дар Қубодиён – Тоҷикистони кунунӣ таваллуд ёфтааст. Дар бораи давраи бачагӣ ва ҷавонии шоир ҳамин қадар маълум аст, ки ў таҳсили хуби замони худашро гирифтааст, яъне барномаи таҳсили ў аз сарфу наҳв, забони форсии тоҷикӣ, арабӣ, арўз ва фалсафа, ҳисоб, илми табиат ва тиб, ҷуғрофия, илми нуҷум, фиқҳ, таърих ва ғайра иборат буд. Дар бораи улуме, ки ба онҳо Носири Хусрав ҳавас дошта ва омўхтааст, на фақат китобҳои таърих ва тазкираҳо ривоят менамоянд, балки беҳтарин далел бар он асарҳои худи шоир мебошанд. Инчунин қайд намудан лозим аст, ҳар илме ки омўхтани ўро Носири Хусрав ҳавас кардааст, бо камоли диққат ба он машғулӣ намудааст.
Дар яке аз шеърҳои худ шоир мегўяд:

Сар андар ҷустани дониш ниҳодам
Накардам рўзгори хеш бебар.

Бар ҳар навъе ки бишнидам зи дониш
Нишастам бар дари ў ман муҷовар.

Намонд аз ҳеҷ гун дониш, ки ман з-он
15 Накардам истифодат бешу камтар...

Аз асарҳои ў маълум аст, ки тақрибан то 40-солагиаш шоир дар Марв
дар хидмати давлатӣ буд. Дар муддати хидмати давлатии чандсолаи худ Носири Хусрав бо аҳволи иқтисодии вазнин ва тоқатфарсои аҳолӣ,махсусан бо зиндагонии деҳқонон ва косибон хуб ва ҳаматарафа ошно мешавад.

пешина
аз 235
навбатӣ