Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар вақти ҳукмронии Ҷалолиддин Маликшоҳ (1072-1092) ҳангоме ки давлати Салҷуқӣ аз соҳилҳои баҳри Миёназамин то ҳудуди Чин қарор гирифта буд, империя ба авҷи тараққиёти худ расид.
Албатта, мубориза ва ҷангҳо ба суръати тараққии ҳаёти мадании халқ ҳам мамониат мекард. Вале дар замони «Салҷуқиёни Бузург» ба ҳам пайвастани сарзаминҳое, ки дар замони Ғазнавиён пароканда шуда буд, барои пешравии тамаддун ёрӣ мерасонид. Зеро нисбатан муттаҳид шудани ин сарзаминҳо «ба барқарор гардидан ва ривоҷ ёфтани муносибатҳои фикрӣ, таъсис гардидани марказҳои нави муҳимми фаннӣ-адабӣ (монанди Нишопур, Марв, Балх ва қисман Ҳирот) ва барои дар ин марказҳо ҷамъ шудани намояндагони бар-
5 ҷастаи илму адаб имконият ба вуҷуд овард». Қайд кардан лозим аст, ки ин имкониятҳо ранги умумӣ надошт. Ғайр аз шоирон ва олимони дарборӣ, мардони мухолифи ба мардуми омма наздик низ буданд. Носири Хусрав роҷеъ ба аҳволи аҳли санъати ҳамон замон навиштааст:

Якеро бе ҳунар мол аз адад беш,
6 Яке бо сад ҳунар дилтангу дарвеш.

Бо ҳама душвориҳои замонӣ, тоҷикон ва кулли форсизабонон дар асрҳои XI-XII якчанд донишманд, шоир ва файласуфони барҷастаро додаанд, ки хис латҳои эҷодии ҳар кадоми онҳо гуногун мебошад: Абўалӣ ибни Сино, Асадии Тўсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Фахриддин Гургонӣ, Амир Муиззӣ, Авҳадуддин Анварӣ, Абўҳомид Ғаззолӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Ра шиди Ватвот, Абулфазл Форёбӣ, Фахриддин Розӣ, Абулқосим Маҳмуди Замахшарии Хоразмӣ, Абўбакр ибни Абдураҳмони Ҷурҷонӣ, Зайниддин ибни Ҳасани Ҷурҷонӣ ва ғайра.
Ҳар кадом аз ин олимон, шоирон ва файласуфон дар таърихи тамаддуни халқи мо соҳиби мақоми хосае мебошанд.
Муаллифони тазкираҳо, таърихҳо ва дигар таълифот оид ба тарҷумаи ҳоли Абўмуиниддин Ҳаким Носири Хусрав афсонаҳои зиёде навиштаанд.
Шайху сўфиён, шиа ва сунниён, ходимони мазҳаби исмоилия ва умуман арбоби низомоти замони мозӣ дар тўли асрҳои гузашта кўшидаанд, ки симои Носири Хусравро як навъ мулоимтар ва «беҳтар» сохта мақбули ақидаи худ намоянд. Зеро танқиди замон ва аҳли он, ки дар асарҳои Носири Хусрав хеле зиёд аст, инчунин ҳимояи ҳуқуқи гурўҳҳои меҳнатии ҷамъият, ки шоир ҳамчун набардгари он баромад кардааст, «аҳли замон»-и ўро дар «ташвиш» гузошта буд. Барои ҳамин ҳаёти шоир аз тарафи намояндагони гурўҳҳои гуногуни ҷамъият мувофиқи ақида, мазҳаб ва ғояи онҳо тасвир ёфтааст, ҳикоят ва ри-
7 воятҳо тартиб дода шудааст.
Бо ҳамаи ин, ҳарчанд ривоятҳои дар бораи Носири Хусрав дар Шарқ мавҷуд буда, ҳаёти ҳақиқии шоирро барғалат акс кунонанд ҳам, онҳо аз шўҳрати бузурги шоир ва мутафаккири тоҷик – Носири Хусрав шаҳодат медиҳанд.
Албатта, маълумоти дақиқи тарҷумаиҳолиро бошад, ҳамеша дар осори худи шоир ҷустан лозим аст.

пешина
аз 235
навбатӣ