Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Дар давраи Носири Хусрав, ки истисмор шудани халқ ниҳоят афзуда, барои ҷунбишҳои деҳқонон замина ҳозир гардида буд, дар баробари ҳаракатҳои гуногуни динӣ ҳаракати исмоилия ҳам махсусан васеъ паҳн шуда буд. Ҷараёни исмоилия аслан сарчашмаи худро аз ҷараёни шиаи дини ислом гирифтааст ва ин дар навбати худ нисбат ба дини исломи расмӣ ҳамчун ҷараёни мухолиф сар зада буд. Муаллифи китоби «Сиёсатнома» Низомулмулк, ки дар асри XI вазифаи вазири Салҷуқиёнро адо мекард ва дар соли 1092\3 (485 ҳиҷрӣ) кушта шуда буд, дар хусуси мақсади асосии исмоилиён менависад, ки «ғарази эшон (яъне исмоилиён – К.А.) ҳама он аст, ки чӣ гуна мусулмонӣ барандозанд ва душмани ислом ва душмани аҳли байти расул алайҳи-с-салом бошанд ва
3 халқеро гумроҳ кунанд». Ҳамин тобиши мухолиф, ки ҷараёни исмоилиён дошт, низ сабаб шуд бар он ки ба он оммаи норозии меҳнаткашон ҳамроҳ шавад. Барои ҳамин, ҳаракати исмоилия-қарматия ҳангоми сар шудан ва дар оғози рушди худ ранги ҷараёни демократии зиддифеодалӣ ҳам дошта, инчунин ақоиди иҷтимоии мухолифи гурўҳҳои гуногуни аҳолиро инъикос менамуд.
Носири Хусрав ҳам фаъолияти худро бо ҷунбишҳои деҳқонӣ, ки он вақт аксар дар зери пардаи ҳаракати исмоилия-қарматия баромад мекард, пайваста буд.
Аммо ҳаракати исмоилия ҷараёни якрангу якнасақ набуд. Зеро феодалон шароити замон ва аз кўркўрона ба «ҳокими одил» боварӣ доштани халқ истифода карда, ин ҷунбишҳоро барои мақсад ва муборизаи синфии худ истифода менамуданд.
Маълум аст, ки дар асри XI дар таълимоти исмоилиён аз унсурҳои демократӣ ва зиддифеодалии давраи бавуҷудоии вай тақрибан чизе намонда буд. Ин таълимот акнун ба манфиатҳои синфии феодалони маҳаллӣ мувофиқ кунонида шуда, худи ҷараёни мазҳабии исмоилӣ ба як ташкилоти мунтазами мухолиф мубаддал гардида буд.
Дар замон ва шароити худ, ҳангоме ки ҳаракати исмоилӣ хусусияти зиддифеодалӣ ҳам дошт, Носири Хусрав ба туфайли ғояи халқдўстонаи худ муборизаашро бо ин ҳаракат пайваста буд.
Дар давраи Носири Хусрав дар Осиёи Миёна воқеаҳои зерини таърихӣ рўй дода буданд:
Давлати Маҳмуди Ғазнавӣ (998-1030) аз Лоҳур то Самарқанд ва Исфаҳон сар замини паҳновареро дар бар мегирифт, лекин қувваи саркардагони Салҷуқиёни дар Мовароуннаҳр ва Хуросон буда – Туғрулбек (1037-1063) ва бародари ў Ҷағрибек (1037-1059) рўз то рўз меафзуд. Онҳо бо лашкари бодиягарди тороҷгари худ Ғазнавиёнро шикаст медоданд ва шаҳрҳояшонро ишғол мекарданд. Дар натиҷа, Салҷуқиён Марв ва Нишопурро марказҳои асосии худ эълон карданд: дар соли 1037 дар Марв ба номи Ҷағрибек Довуди Салҷуқӣ ва дар Нишопур ба номи Туғрулбеки Салҷуқӣ хутба хонда шуда буд.
Охир дар соли 1040, дар натиҷаи ҷанги назди Дандонакон Ғазнавиён тамоман
4 мағлуб гардиданд ва аз Хуросон берун карда шуданд.
Ҷағрибек Довуд то охири умри худ (1059) ҳукмрони ягонаи Хуросон буд.
Туғрулбек бошад дар як муддати кўтоҳ на фақат Гургон, Табаристон, Хоразм ва Озарбойҷонро забт кард, балки қисми асосии Эронро ҳам ба худ тобеъ намуд ва дар соли 1055 пойтахти Аббосиён Бағдодро низ ишғол кард. Вориси тахти Туғрулбек Алпарслон (1065-1072) буд, ки бо забти баъзе вилоятҳои Мовароуннаҳр империяи Салҷуқиёнро васеътар намуда, Гурҷистон ва Арманистонро боҷгузори худ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё