Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҳаким носири хусрави қуБодиёнӣ Носири Хусрав (тахаллусаш Ҳуҷҷат, 1004-1088) дар яке аз давраҳои таърихии халқҳои Осиёи Миёна ва Хуросон рўзгор гузаронидааст. Ҳаёти шоир тақрибан аз миёнаҳои салтанати Ғазнавиён сар карда то нимаҳои ҳукуматдории Ҷалолиддин Маликшоҳи Салҷуқӣ (1072-1092) гузаштааст.
Давлати Маҳмуди Ғазнавӣ бо ҳама пурқувватиаш пояи мустаҳкаме надошт: ғояи асосии ў бо ҷангҳои ғоратгарона, забт кардани вилоятҳои ҳамсоя буд. Дар натиҷаи ин сиёсат хоҷагии халқ рў ба таназзул ниҳода, нерўи иқтисодии кишварҳои ба ў тобеъ ва аз тарафи ў забт кардашуда, заиф ва суст гардид.
«Аз як тараф харобии мамлакатҳои истилошуда, – менависад Б.Ғафуров,
– ва аз тарафи дигар аз имкониятҳои пешрафти хоҷагӣ асосан маҳрум будани хоки аслии Ғазнавиён ба барқарор гардидани муносибатҳои васеи иқтисодии
1 байни мамлакатҳои империя халал мерасонид».
Дар ҳақиқат, Ғазнавиён, хусусан, дар охирҳои ҳокимияташон тақрибан ҳамеша машғули ҷангҳои дохилӣ ва хориҷӣ буданд. (Муборизаи Масъуд бо бародараш Муҳаммад, шўриш дар Исфаҳон, исёни сипаҳсолори қувваи ҳарбии Ҳиндустон – Наёлтегин ва монанди инҳо).
Дар натиҷаи ҳамин ва ба сабаби фарсудагии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар байни халқи кишвар давлати Ғазнавиёнро обрўе намонд ва халқ онҳоро ҳимоят накард. Аммо сарнагун шудани Ғазнавиён ва барқарор гардидани давлати Салҷуқиён аҳволи иқтисодии халқро дигар накарда бошад ҳам, чӣ навъе ки поинтар дида мешавад, шакл ва гурўҳҳои асосии истисморкунандаро то андозае тағйир дод.
Салҷуқиён ва Қарохониён барои аз худ кардани ҳамаи даромадҳои кишварҳои истилогардида тариқи нави боҷгириро ёфтанд, ки ин иқтаъ буд.
Иқтаъ, гарчанде дар давраҳои пеш низ вуҷуд дошт, вале акнун бо он ки даромадҳо то ҷузъиёт ҷамъоварӣ карда мешуданд ва азбаски иқтаъдор шахсан аз назорати рафти хоҷагӣ озод шуда буд, барои феодалон хеле мусоид буд.
Албатта, истисмори деҳқонон фақат бо иқтаъ маҳдуд намегашт, зеро феодалон бо.ҳар роҳ халқро ғорат мекарданд. Иқтаъ дар ин давра фақат тариқи асосии
2 даромадҷамъоварӣ гардида буд.
Вобаста ба ин нақши деҳқонон дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъият, ки онҳо собиқ заминдорони калон буданд, дигар шудан гирифт. Мавқеи иҷтимоии онҳоро оҳиста-оҳиста иқтаъдорон ишғол карданд, ки акнун ин гурўҳи ҷамъият такягоҳи мўътамади давлати феодалӣ шуд. Гурўҳи заминдорони калони пештара – деҳқонон бошанд, дар вақти қувват гирифтани системаи иқтаъ ва иқтаъдорӣ, ниҳоят заиф гашта ба куллӣ аз миён рафт. Заминдорони собиқ қисман тавонистанд, ки бо шароити нави иқтаъдорӣ созиш намоянд, аммо як қисми онҳо ҳуқуқ ва замину мулки худро аз даст дода, маҷбур шуданд, ки ба бечорагӣ гардан ниҳанд. Ҳамин тавр, ин қисми деҳқононе, ки собиқ заминдори калон буданд, ба кишоварзон омехта шуданд. Ин раванди харобшавии гурўҳҳои собиқ заминдорони калон ба ҳаёти гурўҳҳои меҳнатии ҷамъият – косибон ва деҳқонон таъсир накарда намонд.
Ҷунбишҳои деҳқонӣ бошад, чӣ тавре ки ин дар тамоми асри миёна бисёр дучор мешавад, баъзан дар зери пардаи мазҳабӣ ба вуқўъ меомад. Вале чунин аҳвол мавқеи махсусе дорад ва мувофиқи шароити замон тобишҳои гуногун касб мекунад.

пешина
аз 235
навбатӣ