Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷалилов ва Очилдиев дар хотимаи мақолаи хеш чунин сатрҳои дар ҳақиқат разилонаи хатарноки фоҷиаовар нигоштаанд: «Ташкилоти партиягии То ҷикистон, ки дар несту нобуд кардан ва решакан кардани душманони халқ корро бисёр вусъат додааст, инчунин барои он, ки адабиёти партиягиро аз ифлосиҳои миллатчигии буржуазӣ тоза карда ва ўро ба дараҷаи баланд бардорад, дар худ қувваи даркорӣ меёбад».
Иқтибосҳои болоро аз мақолаи Ҷалилов ва Очилдиев мо барои он ба ҳолати аслиаш, бидуни тағйироте ба тарзи баён ва аломатгузориҳояш овардем, ки хонандаи имрўз муборизаи ҳифзи забони асили форсию тоҷикиро тасаввур карда тавонад. Хонандаи имрўз донад, ки фарзандони миллат дар ҳар гуна шароити махуф кўшидаанд, ки ба хусусиёти забони ҳазорсолаи мо такя карда, то ҳадди имкон онро аз осебҳои сиёсат ва замон дар амон нигоҳ доранд. Ба ҳама маълум аст, ки дар замони нав дар сарварии ин набарди фарҳанги миллӣ ҳамоно домулло С.Айнӣ мақоми нахустин доштанд.
Комилан равшан аст, ки вазъи аҳли қалам ва илму адаб дар он солҳо ниҳоят ногувор буд. Ин вазъ дар навбати аввал аз маҳдудиятҳои имконот ва фаъолиятҳои амал барои зиёиёни фидокор иборат буда, чигунагии онро боз аз як мактуби домулло С.Айнӣ ба устод Абулқосим Лоҳутӣ тасаввур кардан мумкин аст.
«Акнун ман намедонам, – нигоштаанд домулло С.Айнӣ, – ки бо ин «роҳбарони забони тоҷикӣ» чӣ кор кунам. Онҳо забони адабии классикиро нафаҳманд ва забони зиндаи халқро надонанд ва маҷбур кунанд, ки «чизе навис, ки ман фаҳмам». Дар ин сурат вой бар ҳоли ману монанди ман» («Садои Шарқ», 1962, №12, с.94).
Вале домулло С.Айнӣ фаъолияти хешро ҳеҷ гоҳ кам накарда, ба қавли худашон «бо иродаи айниёна» то охири лаҳзаҳои ҳаёт амали хешро идома додаанд. Мисраи дўстдоштаи эшон аз ғазали Камоли Хуҷандӣ «То ҳаст ба ҷонам рамақе кори ман ин аст», – шиори ҳамешагии эҷодиёти пурсамари эшон буд.

пешина
аз 235
навбатӣ