Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз оғози сухан бояд гуфта шавад, ки дар бораи навиштаҳои Ҷалилов ва Очилдиев на ин ки мақолаи махсус, балки ҳаҷвияи фоҷиавӣ иншо кардан равост. Зеро он мақоларо аз ибтидо то интиҳо ҳам аз ҷиҳати забон ва тарзи баён, ҳам аз назари мазмун ва мундариҷа, як санади сиёҳкорона, як ҳуҷҷати замони сиёсаттарошон ва шаҳодати масхара ва таҳқири забон ва болодастии бесаводони замонабоз номидан шоиста аст. Дар он мақола бисёр зиёиёни тоҷик ва ҳамчунин ғайритоҷик аз аҳли илму адаб ва матбуот таҳқир шуда, бо ибораҳои қабеҳи «душман», «балегўёни душманон», «миллатчии буржуазӣ», «вайронкор», «лаънатитарин душмани халқ» ва ғайра ва амсоли ин гунаҳгор эълон шудаанд. Барои равшании бештар андохтан ба ин матлаб ва дар зеҳни хонандаи имрўз тасаввури комилтар пайдо кунондан дар зайл чанд иқтибос аз мақолаи номбурдагони беном (Тоҷикистони Сурх», 29 ноябри с.1937, с.3) оварда мешаванд:
«Намунаи равшани муқобилияти тарафдорони забон» ретсензияи рафиқ Улуғзода мебошад, ки дар он вай сахт истода, талаб мекунад, ки фаҳмиши ҳамаи умумиро ба халқи тоҷик додан даркор нест, инчунин дар бораи нест кардани ҳукумати помешикон ва капиталистон гуфтан лозим нест ва беҳтар он аст, ки дар бораи нест кардани ҳокимияти онон гуфта шавад. Оё ў класси олии санъат дар забони шеъри миллатчии буржуазӣ Айнӣ аст гуфта намешуморад, ки вай худаш дар ним саҳифа навишта шуда буда 80 эзоҳ талаб кард. Оё ин аст «класси забони тоҷик?..»

Ва боз:

«Аслиҳаи миллатчиёни буржуазӣ, ки бо ёрдами ў онҳо кори разилонаи фашистии худро карданд, аз онҳо иборат буд, ки грамматика ва қоидаи калимасозии арабиро ба забони тоҷикӣ медароварданд; забонро бо терминҳои номафҳум ва зарарноки арабӣ ифлос мекарданд; гуногунӣ ва беҳуда мафҳуми як терминро чанд хел менавиштанд. Гўё барои зарурияти бой кардани забон ин лозим бошад; терминҳои интернатсионалиро ба таври систематикӣ фишор дода бароварда омаданд, ки ин терминҳо ба забони партиягӣ даромадагӣ мебошанд ва онҳоро бо терминҳои аз ҷиҳати маъно бегонаи миллатчигии буржуазӣ (республикаро ба ҷумҳурият, револютсияро ба инқилоб, съездро ба анҷуман, грекҳоро ба юнониён ва ғайра) иваз мекарданд; ба «хусусияти»
забони тоҷикӣ «такя» карда, бо роҳи ваҳшиёни стили доклади рафиқ Сталинро вайрон мекарданд. Иборат, ҷумла ва мақолаҳои бутунро бо роҳи маккорӣ таҳрир мекарданд, ки барои хонанда тамоман дастнорас ва нофаҳм мешуд. Ба маҳдудияти миллӣ аппелятсия карда, як қисми маълуми номи хусусии районҳо ва вилоятҳоро тарҷума кардаанд ва монанди кишвари Далне-Восток, ки дар забони тоҷикӣ Шарқи-Дур меноманд, бояд райони Ғарм ба забони русӣ Горячеводский район номида шавад ва ғайра. Аслиҳаи бисёр нағздидаи онон барои мудофиа кардани позитсияи миллатчигии буржуазии худ дар забони ўзбекон ва ё дар адабиёти Озарбойҷон будан(и) чунин терминҳоро нишон додан мебошад…»

пешина
аз 235
навбатӣ