Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ман мехостам ба оммаи меҳнаткашони босаводшудаи тоҷик ва ҷавонони таҳсили ибтидоӣ, миёна ва олӣ дидаи ў китобе диҳам, ки барои мутолааи онҳо адабиёти нафисаи советии тоҷикро ва ҳам барои фоида бурданашон аз адабиёти классикии фарс-тоҷик, кам ҳам бошад, ба онҳо ёрмандӣ расонад ва инчунин барои ҷавонони ҳавасгори нависандагӣ қисман ҳам бошад, хидмати материали забонро адо кунад.
Бинобар ин мақсад, ман дар ин китоб як хел луғатҳоеро даровардам, ки онҳо барои фоида бурдан аз адабиёти классикӣ ёрӣ медиҳанд, як хели дигар луғатҳоро даровардам, ки онҳо барои фаҳмида хондани адабиёти нафисаи имрўза заруранд ва инчунин як хел луғатҳоеро ғун кардам, ки онҳо аз хазинаи забони зиндаи имрўзаи тоҷик бада, то ба ҳол ба ҷое ғун нагардида ва дар навиштаҷот кор фармуда нашудаанд, ё ин ки бисёр кам кор фармуда шудаанд ва баъзан дар маъниҳои хато ба кор бурда шудаанд. Ин қисм луғатҳо бештарин барои он касоне лозиманд, ки ҳаваси нависандагӣ ё ин ки журналистӣ доранд, аммо забони зиндаро камтар медонанд.
Агар мо мундариҷоти ин китобро, ки бештар аз ёздаҳ ҳазор луғат аст, ба хелҳои дар боло номбаршуда ҷудо карда нишон диҳем, тақрибан ба ҳамин натиҷа меоем: 50 фоизи ин луғатҳо аз забони зиндаи халқи тоҷиканд, ки то ба ҳол дар китобе ғун карда нашудаанд ва панҷоҳ фоизи дигарашон аз китобҳои луғат ва адабиёти классикӣ гирифта шудаанд; нимаи ин панҷоҳ фоиз он луғатҳоеанд, ки барои фоида бурдан аз адабиёти классикии тоҷик даркор мешаванд ва нимаи он луғатҳое аст, ки феълан ба адабиёти нафисаи имрўзаи тоҷик кор фармуда шуда истодаанд, аммо маъноҳои онҳо ба оммаи навсавод ва ҷавонони наврас равшан нестанд.
Манбаъҳои китоб дар панҷоҳ фоизи охир «Ғиёс-ул-уғот» ва «Бурҳони қотеъ» барин китобҳои луғати кўҳна ва китобҳои адабӣ буда, дар панҷоҳ фоизи якум забони зиндаи халқ аст, ки дар муддати умри он қадар кўтоҳ набудаи худам дар дафтари хотири худам ғун шудаанд» (С.Айнӣ. Куллиёт, ҷ.12, с.19).
Ва мо имрўз агар вазъияти солҳои 1937-1938-ро ба ёд биёварем ва дар ин боб андешае ронем, ки он замон домулло С.Айнӣ «душмани халқ» ва «миллатчии буржуазӣ» эълон шуда буданд, метавонем иродаи қавӣ, ҷасорати меҳнатпарастӣ ва ватандўстӣ, алоқаи ботинӣ ва рўҳии эшонро нисбат ба забон ва фарҳанги миллӣ боз як бори дигар тасаввур кунем. Маълум ва ошкор мешавад, ки домулло С.Айнӣ ба ақида ва афкори илмии хеш, сарфи назар аз ҳар гуна ҳуҷумҳо, устувор буда, ба хотирхоҳии «ин ҷозибаҳо»-и сиёсати замон Луғатномаи хешро тағйир надоданд, ба тақдири он тан дода, интишор нагардонидани самараи заҳамоти солиёнаи хешро волотар аз харобкорӣ дар рушди забони миллӣ пиндоштаанд.
Ҷиҳати тақвияти гуфтаҳои боло мо мехоҳем барои хонандаи имрўз фақат як мисол пешкаш кунем.
29 ноябри соли 1937 дар рўзномаи «Тоҷикистони сурх» (№274/2770), ки он замон бо хатти лотин чоп мешуд, мақолаи муфассали ду шахс Ҷалилов ва Очилдиев, бидуни овардани номҳояшон, интишор шудааст. Унвони ин мақола низ бо рўҳи сиёсати замон созгор, яъне «Боқимондаҳои зиёнкорӣ дар адабиёти партиягӣ ва забони тоҷикӣ нест карда шавад».

пешина
аз 235
навбатӣ