Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Ношири девони номбаршудаи Носир (ДМ) қайд мекунад, ки дар дастнависи истифода бурдашуда ин байт мавҷуд нест ва он ду мисраъ аз нашри
Берлин гирифта шудааст. Далелҳои дигари он ношири «Саодатнома» инчунин
чандон боварибахш нест. Аз ҳамон боби «Саодатнома» байти
Саодат ёр хоҳӣ дар ҳама кор,
77 Суханҳои шариф аз даст магзор.
-ро эзоҳ дода, ноширон калимаи «шариф»-ро тахаллуси муаллифе эълон
78 кардан мехоҳанд, ки гўё маснавиро ў навишта бошад ва ҳол он ки дар баъзе нусхаҳои дигари маснавӣ ба ҷои ва ё баробари байти мазкур байти зерин дида мешавад:
Саодат боз хоҳӣ дар ҳама кор,
79 Ҳадиси Носири Хусрав нигаҳ дор.
Яке аз далелҳои ноширон иборат аз он аст, ки дар «Саодатнома» фикрҳои
80 Носири Хусрав такрор шудаанд. Дар ин хусус ҳоло мо фақат ҳаминро гуфта гузаштан мехоҳем, ки Носири Хусрав ҳеҷ гоҳ дар сухан аз такрори лозима даст
81 накашидааст. Эзоҳи батафсили ин масъаларо ба ҷои дигар мавқуф гузошта, ҳоло як байти Носирро ба ёд меоварем, ки худи он ҷавоби хуб мешавад:
Дар шеър зи такрори сухан бок набошад,
82 Зеро ки хуш ояд сухани нағз ба такрор.
Ҳамин навъ эродҳои ноширони девони шоир дар хусуси «Мунозира бо
83 худо»-и Носири Хусрав ҳам ҳаст. Қатъи назар аз он ки ин асари Носир дар ҳамаи дастнависҳои ба ноширон маълум дида шудааст, онҳо мекўшанд, ки ҳам аз доираи таълифоти ў берун карда, ақидаи Носирро тағйир диҳанд.
«Мунозира бо худо»-и Носирро эзоҳ дода, ноширон чунин менависанд:
«Чун ин абёт мутафарриқан дар тамоми нусхаи мавҷуда ёфт шуд, дар девон забт шуд, лекин ба мулоҳизаи ракокати ғолиби алфоз ва сафоҳати аксари
84 маонӣ ба назар намеояд, ки аз Ҳаким Носири Хусрав бошад».
Яке аз далелҳои ин даъво иборат аз он аст, ки гўё фикрҳои дар он қасида баёнёфта барои Носири Хусрав хос нест. Ва ҳол он ки дар дигар осори Носир
85 чунин байтҳои мазмунан бидъат ва илҳодкорона хеле зиёд дида мешаванд.
Ғайр аз ин, дар охири «Мунозира бо худо» номи худи Носир низ ҳаст:
Тафаккур, Носир, аз андеша дур аст,
86 Паи ин риштаро бояд буридан.
Ҳамин тариқ, ба ақидаи мо бахшҳои беҳтарини девон, «Рўшноиномаи»-
и Носири Хусрав қатъи назар аз тағйироте, ки ба қалами котибони гуногун
тааллуқ дорад, намунаи вижаи асри XI мебошад. «Рушноинома» ва «Саодатнома» намунаи осори дидактикӣ (таълимӣ) ҳисоб меёбанд. Вале ин осор
фақат бо масъалаҳои панду насиҳат маҳдуд намегардад. Бахши намоёни
маснавиҳои мазкур ва девони шоир танқиди мақомоти феодалӣ, шоирони маддоҳ, судхўрон ва муфтхўрон ва дигарҳоро дар бар мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё