Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳар ҳол ин муомалае, ки ретсензиянавис ба текст ва муаллифи он кардааст, муомалаи як муллоро, ки ба Машраб карда буд, ба ёди кас меорад:
Аз рўи афсона мулло аз Машраб «номат чист?» – гуфта пурсидааст. Машраб дар ҷавоб «худой…» гуфтан ҳамон, мулло Машрабро ба кофирӣ ҳукм карда ўро задан гирифтааст. Машраб фарёд карда гуфтааст: Охир сухани маро тамом шунав, баъд аз он дар ҳаққи ман ҳукм барор – ман номамро «Худойбердӣ»
гуфтан мехостам. Аммо ту «Худой»-ро шунида ба «бердӣ»-аш гўш наандохта, маро кофир сохтӣ?»
Дар қисми дувуми моддаи ҳаштум равшан гузошта нашудани масъалаи фалсафаи Бедилро ретсензиянавис яке аз камбудиҳои китоб шумурдааст.
Ин дуруст аст. Дар таҳрири якум, бе таҳлили дуруст ҳам бошад, қисми фалсафаи Бедил ба китоб дохил карда шуда аз порчаҳои фалсафии шоир намунаҳо ҳам дода шуда буд. Аммо дар таҳрири охирӣ, ки баъд аз набор карда шуд, қисми фалсафаро баровардан ба ду сабаб муносиб дида шуд:
Сабаби якум ин аст, ки китоб барои оммаи хонандагон нашр шуданӣ аст, забони фалсафаи Бедил, ки забони оддии ў ҳам душворфаҳм аст, барои омма як бори гарон мешуд.
Сабаби дувум ин аст, ки порчаҳои фалсафии Бедил аз назму наср дар шакли китобчаи алоҳида ҷамъ карда шуда барои нашри илмӣ ба Институти забон ва адабиёти Академияи фанҳои Тоҷикистон дода шуда буд ва ҳар кас, ки ба фалсафаи Бедил ҳавас дошта бошад, ба он китобча муроҷиат карданаш мумкин буд. Бинобарин дар як республика, дар як замон дубор нашр кардани як материал мувофиқ набуд.
Муаллифи ретсензия дар хулоса барои чоп кардани асари «Мирзо Абдулқодири Бедил» шартҳо ва таклифҳоро тақдим кардааст. Ман ба ин фикри муаллиф кор надорам ва бетараф нестам. Ба амал овардани он шартҳо ва таклифҳо вобаста ба ихтиёр ва имконияти нашриёт аст. Ман аз тарафи худ ҳамин қадар гуфтанро лозим медонам, мебоист китоб пеш аз ба набор супурдан дар читка ва муҳокимаи умумииттифоқи нависандагони Тоҷикистон гузошта мешуд, ки дар вай адабиётшиносон ҳам иштирок мекарданд, натиҷаи хеле хуб медод. Аз дар ба дар гашта аз одамони ҷудогона ба тарзи индивидуалӣ ретсензия ғундошта ба як фикри ягона омадан қариб мумкин нест.
Дар охир ман қайд кардани ҳамин нуқтаро ҳам лозим медонам, ки дар муҳокима гузоштани ин ретсензия ба танҳоӣ бефоида аст. Бояд аввал асар ба тарзи умумӣ муҳокима карда шуда, дар қатори он ретсензия ҳам дида баромада шавад, то ки ба асар чӣ қадар алоқа доштани ин ретсензия маълум гардад.

С.Айнӣ, Самарқанд, 13.10.52

Понависҳо:

  1. Академияи улуми Тоҷикистон 14 апрел ва интихоби нахустин Президенти он Фарҳангистон 15 апрели соли 1957 дар рўзи таваллуди С.Айнӣ ба амал оварда шудааст.
  2. С.М.Муллоҷонов он замон мудири управленияи назди Шўрои Вазирони Ҷум ҳурии Тоҷикистон оид ба адабиёт ва нашриёт буд.
пешина
аз 235
навбатӣ